Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муаллим дар ин замина метавонад аз тадқиқот М.
Шакурӣ, А. Мирзоев, А. Насриддинов, Х. Асозода , А. Сайфуллоев, А. Муллоев ва дигарон истифода кунад.
Аз ҳикоятҳо дар бораи зиндагии шахсии адиб, тарҷумаи ҳоли «лирикии» вай, ки одатан хонандагон бо шавқ мепазиранд, рўҳи замонро ҳис кардан мумкин аст. Дар ин ҳол зарур аст ба ёд гирифт, ки зиндагии шахсии адиб ин фақат таърихи ишқбозиҳои ў, машғулиятҳои қалбии ў нест, балки ин робитаи ўро ба дўстону душманон, шогирдон ва муридонаш муайян мекунад.
Ҳикоят дар бораи роҳи эҷодии адиб қисми муҳим ва асосии дарс буда, ба мавзўи тарҷумаи ҳоли шоир ё нависанда ихтисос мегирад. Таҳлили матни бадеӣ мумкин аст якҷоя бо маводи тарҷумаҳолӣ анҷом гирад. Вале аксаран омўзгорон аввал мавзўи зиндагӣ ва эҷодиёти адибро гузашта, сипас матнии асари бадеиро таҳлил мекунанд.
Тафсири зиндагиномаи адиб бо нақл дар бораи солҳои охири зиндагии ў анҷом меёбад. Ин дарс аз бисёр ҷиҳат лаҳзаҳои омўзанда дорад: ошноӣ бо санадҳои ахлоқии зиндагиномаи адиб хонандаро нексиришт месозад. Фоҷиаҳои рўзҳои охири ҳаёти шоир ё нависанда, ҷасорат ва мардонагии ў хонандагонро маҷбур мекунад, ки дар бораи маънии зиндагӣ, қадри инсон биандешанд. Ин маъниро омўзгор дар мисоли сарнавишти С. Улуғзода метавонад таҳким бахшад.
Ҷойгоҳ ва арзиши зиндагӣ ва осори адабиро дар таърихи адабиёт омўзгор таъйид карда, сабаби омўхтани осори ў ва арзёбии онро муайян мекунад. Гоҳо ин арзёбӣ дар барномаи таълимӣ низ сабт мешавад. Масалан, ифодаи корномаи Садриддин Айнӣ барои таъйини мақоми Садриддин Айнӣ зеҳни хонандагонро ба таҳрик меоварад. Бо вуҷуди ин на бояд чунин андеша кард, ки вазифаи омўзгор фақат баҳои баланд гузоштан ба ҳаёт ва эҷодиёти адиб нест.

пешина
аз 344
навбатӣ