Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Такмили хониши бадеӣ (муассир), махсусан, дар синфи V зарур аст. Вале ин ҳадаф ба муаллим иҷозат намедиҳад, ки дарсро комилан ба хониш табдил диҳад.
Хониш, ба хусус, хониши адабӣ бояд ҳадафи муайян дошта бошад: ошноӣ бо матн, хониши муассир аз рўйи матни муайян, хониши матн барои азёд кардан, хондан барои ба саволҳо ҷавоб гуфтан, хондан барои тартиб додани нақша.
Ҳангоми таълими шеър ин масъулияти муаллим бештар мешавад. Ҳадафи асосӣ аз хондани шеър ин шинохтани вазн аст. Бо ин роҳ муаллим эҳсоси вазнро дар хонандагон парвариш медиҳад. Шеърро хонда, онро азёд карда, хонанда на фақат ба маънӣ ва мазмуни он сарфаҳм меравад, балки сухан гуфтанро ёд мегирад. Ин заминаест, ки хонандагонро дар хондани наср муваффақ месозад.
Мавзўи дарс: Омодагӣ ба хондани муассири пораҳо аз достони Мирзо Турсунзода «Чароғи абадӣ». «Интизорӣ»
ва «Мулоқоти якум».

Ин дарсро ба ду тарз гузаронидан имкон дорад.

  1. Дарс бо сухани раҳнамои муаллим шурўъ шуда, баъд муаллим пораи достонро (аз боби «Интизорӣ») мехонад, сипас таҳлил гузаронида мешавад ва ниҳоят, бачаҳо ба хондани муассир омода мешаванд.
  2. Машғулият аз рўи саволҳои пешакӣ додашуда сар мешавад. Ҷавобҳои хонандагон такмил ёфта, барои омодагӣ ба хондан санҷиш гузаронида мешавад. Сипас, дар заминаи омўзиши амиқ ва муайян намудани вазифаҳои хондани муассир хонандагон ба хондан тайёр мешаванд.
    Дар ин мақола барои гузаронидани дарс мо тарҳи дуюмро интихоб намудем. Ҳангоми гузаронидани ин дарс муаллим ба донишҳо, малакаҳо ва имкониятҳое такя менамояд, ки хонандагон дар синфҳои пешин ба даст овардаанд. Онҳо аллакай бодиққат ва барои худ хонданро омўхта, андешидан ва муайян намудани ғояи асарро ёд гирифтаанд.
пешина
аз 344
навбатӣ