МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Тасвири баъзе аз олоти ҷангиро дар тахтаи синф кашидан беаҳамият нест. Ваҳшонияти муғул, куштори аҳолӣ, харобии кишвар, аҳамияти набарди Хуҷанд. Ин шаҳр шоҳиди зинда дар раҳгузори таърихи ҳазорсолаи тоҷикон аст.
Аҳли синф ҳикояти муаллимро бо шавқи зиёд гўш мекунанд. Ба хусус вақте ки муаллим тавонад воқеияти гузаштаро бо қиёсҳои таърихӣ ба дилу рўҳи хонанда наздик созад. Дар ин роҳ ҳар гуна тасвири таърихии Хуҷанд метавонад ба муаллим ёрӣ расонад. Ана, дар ҳамин вазъият аввал муаллим, баъд хонандае порае аз қисмати зикршудаи очерки Айниро мехонанд. Синф бояд асири даҳшати ҳуҷуми Чингизхон ба Хуҷанд бошад. Марги хуҷандиён, ифтихори ватандорӣ ва садоқати онҳо ба роҳбари ҷасуру далеру фидокор – Темурмалик эҳсоси ҳамдардии хонандагонро бедор месозад ва ин эҳсоси ҳамдардӣ тадриҷан ба нафрати сўзон нисбат ба душман ва муҳаббату дўстдорӣ нисбат ба Ватан табдил меёбад. Дар ин ҳол муаллим бо ёрии саволҳо пораи очеркро такрор менамояд.
Қаҳрамони халқи тоҷик кист?
Чаро чингизиён Банокатро зуд ба даст оварданд?
Барои ҳимояи шаҳр Темурмалик чӣ тадбир андешид?
Чингизиён «тилисм»-и хуҷандиёнро чӣ тарз шикастанд?
Шабохуни хуҷандиён ба урдугоҳи душман чӣ натиҷа дод? Улоқнуён кӣ буд?
Ҷангҳои манҷаниқӣ ва чархӣ чӣ гуна буд ва ба лашкари муғул чӣ дод?
Талафоти кадоме аз тарафҳо вазнин буд?
Сабаби ба киштиҳои Темурмалик таъсир накардани тиру найзаҳои сарбозони муғулро шарҳ диҳед. Бо он ҳама талафоте, ки тасвир шудааст, чаро шумораи сарбозони муғул кам намешавад?
Бачаҳо ба қадри ҳол ба ин саволҳо ҷавоб мегўянд.
Муаллим ба китоб нигоҳ накарда онҳоро ислоҳ менамояд ва ё фикрашонро тақвият мебахшад. Дар ин ҳол ҷумлаҳоеро, ки қаҳрамонии Темурмалик ва лашкари ўро тасвир намудаанд, иқтибос овардан зарур аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё