МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Ва ин ҳадафҳо зимни хондан ва нақли афсона бояд ошкор ва гўшзад шаванд. Муаллим бояд хонандаро бовар кунонад, ки ҳарчанд мо ҷаҳонро ҳаммонанди қиссагўёни нахустин намебинем ва бисёре аз ин афсонаҳо барои мо содалавҳона менамоянд, вале арзиши маънавию ахлоқии онҳо барои насли мо низ пураҳамият мемонад.
Омӯзгор хонандагонро ба афсона, хелҳо ва намунаҳои он тавассути нақша(таблитса) шинос менамояд. Хелҳои афсонаҳо:
сеҳрнок, тамсилӣ, ҳаҷвӣ, маишӣ ва номунаҳои онҳоро шарҳ медиҳад. Дар афсонаҳо ба образнокии ифодаи фикр, сермаъногии калимаву таъбирҳо, нафосати забон ва ғановати андешаҳои халқӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.
Баъд муаллим ба нақли афсона аз тарафи хонандагон таваҷҷуҳ мекунад. Дар оғоз се ё чор нафар метавонанд мазмуни онро нақл кунанд: аввалӣ маросими Наврўз ва ҳодисаи ба сари Эраҷ омадаро метавонад нақл кунад; дувумӣ андўҳи фироқи падар ва севумӣ маросими гўштингирии Эраҷ ва дигарӣ вохўрии Эраҷ бо пирамард ва ниҳоят шикасти тилисми девонро нақл кунанд.
Нақли шогирдон санҷида ва ислоҳ карда мешавад. Дар ҷараёни нақл мафҳумҳои далерӣ, шуҷоат, ватан, падару модар ва ғайра алоқаманд бо мазмуни афсона шарҳу тафсир меёбанд.
Баъди ин бозгўи аввалин таҳлили афсона шурўъ мешавад.
Хонандагон аз сабақҳои синфҳои поёнӣ медонанд, ки афсонаро мардуми оддӣ мегўянду мешунаванд ва он аз даҳон ба даҳон то рўзгори мо омада расидааст. Муаллим тасаввуроти хонандагонро дар бораи осори шифоҳӣ (фолклор) такмил мебахшад. Бисёр хуб ва босамар мебуд, агар омўзгор китобҳои тадқиқотии оид ба адабиёти шифоҳии дастрасро мутолиа мекард, ба хусус, навиштаҳои Воҳид Асрорӣ, Раҷаб Амонов, Асадулло Сўфиев, Равшан Раҳмон, Саъдулло Наимбоев, Мирзохўҷа Пиров ва дигаронро.
Дарк ва фаҳмиши ҳар як афсона бояд ҳадафи аслӣ дошта бошад ва дар ҳолате пурра аз худ карда мешавад., ки ба мавзӯъҳои пеш омӯхташуда пайванди нагусастанӣ дошта бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё