МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
6.3.ТАЪЛИМИ ШЕЪРИ ЭРАҶ МИРЗО ДАР
СИНФИ 5
Номи Эраҷ Мирзо барои хонандаи тоҷик ноошно нест.
Чандин насли кўдакони тоҷик бо «Модарнома»-и ин шоири шаҳири Эрон тарбият дидаанд. Инак, дар барномаи адабиёт барои синфи V хондани се шеъри шоир «Қадри модар», «Иди Наврўз» ва «Қадри устод» тавсия шудааст. Воқеан ҳам, шеъри Эраҷ Мирзо барои хониши муассир ва равнақи нутқи даҳониву хаттии хонандагон ёрии фаровон мерасонад. Ба қавли Ғуломҳусайни Юсуфӣ, фазилати шеъри Эраҷ забони чолоку баёни гарму зананда ва пўяндаи ўст ва бархўрдории ҳунармандонаи вай аз гуфтори содаи рўзонаи мардум ва таъбироти он, ки худ дорои балоғате хос аст.
Дар ин замина, яъне фарогирии хусусиятҳои хоси шеъри ин шоири тавоно ва ба ин васила такмил додани хониши бадеии хонандагон мақолаи Ғуломҳусайни Юсуфӣ бо андаке ихтисор ба муаллимон дар вақти таълими ин мавзўъ ёрии амалӣ расонда, дар ифшои мазмуну мундариҷа ва ғояи эҷодиёти шоир гиреҳкушост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё