МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Ин пайванд дар ташаккули ғоявию зебоишинохтии хонандагон ёрии зиёд мерасонад ва ба онҳо омўхтани ҳодисаҳои адабиро дар алоқамандӣ ва ба ҳамтаъсиррасонӣ ёд медиҳад. Интихоб ва таълими мавод аз назари таърихи эҷод ба иҷрои ин ҳадаф мусоидат менамояд.
Таълифи ҳадафманди асари бадеӣ савияи илмии омўзиши асари бадеиро таъмин карда, имконият фароҳам меоварад, ки бо истифода аз усулҳои арзишманди таҳлил ва таълим, бо назардошти қонуниятҳои равонӣ ва махсусиятҳои дарки асари бадеӣ дар синфҳои боло ва истифодаи донишҳои назарӣ дар соҳаи таълим, ҳамчунин бо корбурди таҷриба муаллими адабиёт дар ин замина ба комёбии назаррас ноил гардад.
Адабиётшиносӣ, аз ҷумла, нақди адабӣ ба муаллим барои самарабахшии дарси таҳлили асари бадеӣ ёрӣ мерасонад. Агар омўзгор аз назариёти муҳими адабӣ огоҳ бошад ва онро бо ҳадаф корбаст намояд, ба натиҷаҳои чашмгир даст хоҳад ёфт.
Дар ин замина риояти мулоҳизоти ахлоқӣ дар адабиёт оё лозим аст? Дар ин ҷо муаллим ахлоқро аз мафҳуми хеле васеъ, ки ҳамон хайри иҷтимоъ ва башарият бошад, бояд дар назар бигирад, ки феҳрасти назарияҳои ин самт чунин аст:
- Зебоиву хубӣ ва ҳақиқат яке аст. Пас, агар касе асари зебоие ба худ оварад, ҳам баёни ҳақиқат кардаасту ҳам ёрӣ ба амри хубӣ. Ин тамоюли назарӣ ба ақоиди юнониён пайвандӣ дорад.
- Асари адабӣ дар баробари дилписандӣ ва зебоӣ бояд зомини омўзиш ва андарз ҳам бошад. Рўшанфикрони фаронсавӣ дар қарнҳои ҳабдаҳуму ҳаждаҳум ҷонибдори ин назария дар усули таълими адабиёт буданд.
- Назарияи дигар, яъне ҳунар барои ҳунар тааҳҳуди ахлоқии адабиётро инкор карда, ғояти асари бадеиро дар зебо будани он мебинад. Зебо будан муваффақият ва матлубияти асари бадеист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё