Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар қисматҳое, ки ба масъалаҳои мушаххаси омўзиши осори бадеӣ бахшида шудааст, усули таълими осори бадеии дар жанрҳои гуногун таълифгардида вобаста ба барномаи таълимӣ нишон дода шуда, аз дарсҳои раҳнамо, тафсири маҷмўӣ, хониши матн, таҳлили он ва натиҷагирӣ аз дарс ва монанди инҳо иборат мебошад.
Дар маҷмўъ, китоби «Методикаи таълими адабиёти тоҷик» нахустин китоби мукаммал дар раванди муосири таҳсилот барои толибилмон, донишҷўён ва омўзгорони адабиёт буда, дар низоми равиш ва усулҳои тадриси адабиёт раҳнамои судмандест.
Дар та{ияи китоб аз мақолаҳо ва масли{ат{ои судманди олимон ва методистон Ш. Исрофилниё. К. Шукруллоев ва Ҳ.
Саидов истифода шудааст, ки ба эшон из{ори сипос ва миннатдорӣ менамоем.
БОБИ 2

МУШКИЛОТИ НАЗАРИЯВӢ ВА МЕТОДИИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТ
Асри ХХ1 дар назди мактабу маориф масъалаҳои нави таълиму тарбияро ба миён мегузорад, ки ҳалли самарабахши онҳо ба дарёфт ва корбасти усулҳои нав ва судманди таълим вобаста аст. Замони пуршебу фарози мо дар ин замина дар назди омӯзгорону донишмандони соҳаи таълиму тарбия ва ҳам падару модарону хонандагони мактабҳо масъулияти бузургеро мегузорад. Махсусан, ғояи донишҳои бунёдӣ, бартараф сохтани ҷудоии усулҳои анъанавӣ ва навъи омўзишу парвариш, мушкилоти гуфтугӯи тамаддунҳо, дарёфти равишҳои ҷомеи усули таълим ва тарбияи низоми меъёрҳои ахлоқии шахсият арзиши хос пайдо мекунанд.

пешина
аз 344
навбатӣ