Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ин роҳ равиши таҳқиқӣ ба усули суолу ҷавоб наздик буда, вай бо он фарқ мекунад, ки бештар ба фаъолияти мустақилонаи хонандагон такя ва то ҷое, ба пешравии ҷараёни ҷустуҷўҳои эҷодкоронаи онҳо мусоидат менамояд. Агар усули суолу ҷавоб хонандагонро бо роҳи пурсуҷў ва супоришҳо ба ҷустуҷўи мустақилона раҳнамоӣ кунад, равиши таҳқиқӣ ба дўши хонанда масъулияти муҳаққиқро мегузорад. Хонандаро бо чизи тайёр ошно намесозад, дар назди ў масъала мегузорад ва хонанда бояд онро мустақилона ҳал кунад.
Мутаассифона, равиши таҳқиқии омўзиш аз тарафи муаллимони адабиёт самаранок истифода намешавад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки он аҳёнан корбаст мешаваду бас. Махсусан, истифодаи ин усул ҳангоми таҳлили осори бадеӣ арзишманд аст. Агар ин усули таълим дар дарсҳои таҳлилӣ самаранок истифода шавад, муаллим аз нақли бесамари мазмуни асар то ҷое раҳо меёбад. Дар ин ҳол ҳангоми таҳлили осори бадеӣ ихтиёрро ба дасти хонандагон гузоштан, онҳоро ба амал ва андешаи мустақилона раҳнамоӣ кардан пурманфиат аст.
Ба назари мо, дар зинаи имрўзаи таҳсилот ва имкониятҳои дастрас мо бояд аз таҷрибаи дар солҳои Шўравӣ андўхта истифода карда, роҳҳо ва василаҳои нави таълими адабиётро ҷўё шавем. Масалан, усули таҳлилию тафсирӣ яке василаҳои озмудаи таълими адабиёт дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот буда, он дар роҳи фарогирӣ ва азхудкунии донишҳои адабӣ мақоми хос дорад. Ин усул василаи пурғунҷиш ва ҳаматарафаест дар роҳи омўзиши адабиёт.
Равиши таълими адабиёти тоҷик бояд бо фанҳои адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ пайванди мустақим дошта бошад. Мутаассифона, чунин алоқамандӣ дар зинаи имрўзаи таҳсилот ҳанўз хеле ночиз ва камсамар аст. Ба хусус, ин равиши омўзиш бояд ҷузъи асосии таълим дар мактабҳои олие қарор гирад, ки хатмкунандагонашон омўзгори забон ва адабиёт мешаванд.

пешина
аз 344
навбатӣ