Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  1. Хусусиятҳои хос ва талаботи равиши таълими адабиёти тоҷик кадомҳоянд? Миёни таълими адабиёти гузашта ва муосир чӣ тафовутҳое мебинед?
  2. Аёнияти таълим дар дарсҳои адабиёти тоҷик чӣ мақом дорад?
  3. Моҳияти усули дастрасиро ба равиши таълими адабиёт шарҳ диҳед.

Адабиёти омўзишӣ:

  1. Рыбникова М.А. Очерки по методике литературного читения. В кн. Избранные труди. – М., 1985.
  2. Голубков В.В. Методика преподавания литературы.- М., 1962.
  3. Шарипов Х. Сухан аз адабиёти миллӣ. Душанбе, 2009.
  4. Абдусамади Мулло, Кароматулло Шукрулло Сабақе дигар, Душанбе, «Аржанг», 2009.
  5. Проблемы методов обучения в современной общеобразавательной школе. Москва, 1980.
    6.1. ТАЪЛИМ ВА ТАҲЛИЛИ АСАРҲОИ ҒИНОӢ
    (ЛИРИКӢ)
    Инсон ва ҷаҳони маънавии он асоси асари ғиноиро ташкил медиҳад. Асари ғиноӣ, пеш аз ҳама, ҷаҳони ботинии инсон, таассуроти фардии ўро тасвир менамояд. Лирика, яъне асари ғиноӣ бевосита бо эҳсос ва олами маънавии инсон сару кор дорад. Асарҳои ғиноиро хонда, хонандагон хислати инсонро меомўзанд, нозукиҳои рўҳи ўро шинохта, аз рўи меъёрҳои баланди ахлоқӣ ба рафтору кирдори худ баҳо медиҳанд. Аз ин ҷиҳат шеър ба ақлу дили одамон таъсири бузург мерасонад. Махсусан, хонандагони синфҳои боло ба ашъори ғиноӣ дилбастагии хос доранд, зеро дар ин синну сол шахсият ва тасаввуроти ахлоқию зебоишинохтии онҳо шакл мегирад.
    Шеъри ғиноӣ намунаи комили ифодакунандаи сухани ҳиссии муассир аст. Шеъри ғиноиро хонда, хонандагон аз имконоти забон огоҳ мешаванд, маъноҳои асосӣ ва маҷозии калимаҳоро ёд мегиранд. Забони шеъри ғиноӣ намунаи олии таҷассуми бадеии эҳсосу андешаи инсон аст.
    Аз ҳамин мавқеъ омўзиши шеъри ғиноӣ аз масъалаҳои душвори таълим мебошад. Нисбат ба азхудкунии ҳамосаю драма дарки шеъри ғиноӣ ба хонандагон душвор аст.
    Дар вақти таҳлили шеъри ғиноӣ хонандагон хоҳу нохоҳ бо мафҳумҳои «шеъри ғиноӣ», «қаҳрамони ғиноӣ» дучор мешаванд. Муаллим бояд ҳамзамон бо хондану таҳлили шеър моҳияти ин мафҳумҳоро ба хонандагон фаҳмонад.
    Азбаски дар адабиётшиносии мо асари илмие, ки моҳияти шеъри ғиноӣ ва хусусиятҳои муҳими онро шарҳу тавзеҳ карда бошад, вуҷуд надорад, муаллим хоҳу нохоҳ ба душворӣ рў ба рў мешавад.
пешина
аз 344
навбатӣ