Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт

САРСУХАН
Адабиёт фанни инсоншиносист ва тавассути таълими он мероси маънавии халқ омўзонида ва бақои умри миллат таъмин мешавад. Омўзиш, таълим ва мақоми ин фан ба хусус, дар даврони соҳибистиқлолӣ ва ҷаҳонишавӣ басо афзудааст.
Таълим ва тадриси адабиёт дар парвариш ва камолоти инсон, ташаккули ёди таърихӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллии наслҳо нақши созанда дошта, ҳаёти ҷомеа ва зиндагии маънавии инсониятро тавсиф мебахшад. Вазифаи аслии адабиёт тарбияи инсони бомаърифат ва рисолатманд буда, омўзиши он ҳадафи миллӣ, ватанхоҳӣ ва инсонпарварӣ дорад.
Адабиёт фақат фанни таълимӣ набуда, василаи камолоти маънавии фарзандони миллат, ташаккули ҳамаҷонибаи шахсият мебошад ва барои омўхтани илмҳои дигар заминагузор аст. Азбаски адабиёт василаи дарк ва таҷассуми образноки воқеияти зиндагист, таълими он дар тарбият, бунёди маънавӣ, ахлоқӣ, зебошиносӣ ва таҳзиби инсонҳо муассир аст. Омўзиши адабиёти тоҷик яке аз омилҳои муассири дарки ғановати забони тоҷикӣ буда, ба ташаккули маҳорати забондонии хонандагон мусоидат менамояд.
Асосҳои методологӣ, роҳу усул ва шеваҳои тадриси фанни адабиёти тоҷик дар замони муосир то андозае дар китоб ва дастурҳои ҷудогона муайян шудааст. Мутаассифона, то кунун китоби дарсии муътамад ва комили усули таълими фанни адабиёти тоҷик дар муассисаҳои таълимӣ мавҷуд набуда, донишҷўён ва омўзгорон ба он эҳтиёҷманд мебошанд.
Бинобар ин, дар заминаи мушоҳида ва таҷрибаи чандинсола дар соҳаи маорифи кишвар адабиётшинос ва методисти шинохта А. Муллоев кори хайр ва судмандеро анҷом дода, эҳтиёҷоти толибилмон ва омўзгоронро бо эҷод ва нашри китоби «Методикаи таълими адабиёти тоҷик» таъмин намудааст.

аз 344
навбатӣ