Зеҳн
ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа

Технология
Аз аввал хондан

Маводи графикӣ имконият медиҳад, ки объектҳои гуногун ва бузургиҳои ченшаванда ба таври зоҳирӣ тасаввур карда шаванд. Ба ҳар яки ин воситаҳо шарҳ низ оварда мешавад. Мисол:

Дар забони адабиёти адабиёти илмию техникӣ ҳамчунин истифодаи калимаву ибораҳои байналмилалие низ хос аст, ки ба воситаҳои графикии забони аслӣ тасвир карда мешаванд, чунончи, sin, cos, tgs, cottgs, const ва монанди инҳо.
Ҳамин тавр, ишораву аломат, рамзу формула, графику диаграмма ва ғайра низ яке аз қисматҳои муҳимми таркиби луғавии забони адабиёти илмию техникиро ташкил медиҳанд.
§7. ТАРЗ ВА МЕЪЁРҲОИ СОХТАНИ ИСТИЛОҲОТИ
ИЛМИИ ТЕХНИКӢ

Истилоҳоти илмии техникӣ дар забони тоҷикӣ асосан дар даврони шўравӣ оғоз ба рушду такомул намуд. Дар ин солҳо истилоҳоти илмии техникӣ дар адабиёти илмию техникии тоҷикӣ, хусусан дар китобҳои дарсӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ, бо роҳҳои зерин сохта шуданд:
а) истифодаи имкониятҳои дохилии забони тоҷикӣ; б) бо роҳи аффиксатсия, яъне бо роҳи ба калимае аз забони адабии забони тоҷикӣ ҳамроҳ кардани пешванду пасвандҳо; в) сохтани калимаҳои мураккаб ва ихтисораҳо; г) тарҷумаи таҳтуллафзӣ (калка); д) қабули истилоҳот аз забони русӣ ва тавассути он аз забонҳои дигар; е) тағйирдиҳии семантикии калимаҳо.
Тарзҳои маъмули истилоҳсозӣ дар забони тоҷикӣ инҳо буданд:
1.Тарзи морфологӣ (аффиксатсия, сохтани калимаҳои мураккаб):
2.Тарзи лексикӣ-синтаксисӣ:
3.Тарзи морфологӣ-синтаксисӣ:
4.Тарзи лексикӣ-семантикӣ:
Таҳлили истилоҳоти илмии техникӣ собит месозад, ки дар адабиёти илмии техникӣ аз ин чаҳор тарзи истилоҳсозӣ тарзҳои морфологӣ ва лексикӣ-семантикӣ серистеъмол буда, тарзи морфологӣ-синтаксисӣ хеле кам истифода мешавад (қувваҳо, басомадҳо, намакҳо, ишқорхо, функсияҳо, пайвастагиҳо ва ғайра), зеро истилоҳоти илмии техникӣ асосан ифодакунандаи номи бузургиҳо, равандҳо (протсесҳо), ҳодисаҳо ва қоидаву қонунҳои илмӣ-техникӣ мебошанд.

пешина
аз 67
навбатӣ