Зеҳн
ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа

Технология
Аз аввал хондан

Дар ин маврид ҳарфҳои лотинӣ ва баъзан арабӣ низ истеъмол мешаванд.
Аломат ва рамзҳои забони илмро ба ду гурўҳ ҷудо кардан мумкин аст:

  1. якмаънӣ, ки онҳо дар ҳар гуна матн танҳо як маъниро ифода мекунанд: ∞ - беохирӣ, ∫ - интеграл, Σ – сумма, √ - реша ва ғайра; 2) чандмаънӣ, ки онҳо дар соҳаҳои гуногуни илм маъниҳои гуногун доранд: F – қувва, масоҳат, Δ- секунҷа, собити сахтӣ ва ғайра.
    Аломатҳои якмаънӣ дарҳол мафҳумеро ифода карда, шарҳро талаб надоранд. Аломатҳои чандмаънӣ эҳтиёҷ ба таъриф доранд, чунончи: а – кунҷест, ки онро тири ҳамворӣ ва хати амудии ба он фуровардашуда ташкил медиҳад.
    Воситаҳои дигари ғайризабонӣ дар забони илмӣ расм, нақша, схема, график, диаграмма, харита ва ғайра мебошанд.
    Расм тасвири объектҳо ва ё чизҳои воқеъие мебошад, ки онҳо бо тарзи механикӣ ё дастӣ офарида шудаанд:
пешина
аз 67
навбатӣ