ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа
Муҳимияти таҳқиқи забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ аз ҷиҳати забонӣ (лингвистӣ) ин аст, ки дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои луғавӣ услубӣ ва грамматикии ин гунаи адабиёт мавриди омўзишу таҳқиқ қарор дода шуда, нақши ин адабиёт дар ташаккули забони адабии тоҷикӣ ва таъсири истилоҳоти илмии техникӣ дар афзун гардидани захира ва таркиби луғавии забони тоҷикӣ муайян карда шаванд;
Муҳимияти таҳқиқи забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ аз ҷиҳати иҷтимоӣ дар он зоҳир мегардад, ки нақши ин гунаи адабиёт дар равнақу ривоҷ ёфтани илми ватанӣ, боло бардоштани тафаккури илмӣ ва техникии ҷомеа ва рушди иқтисодиёти кишвар омўхтаву таҳқиқ карда шавад;
Таҳқиқи забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ аз ҷиҳати таълиму тадрис, яъне омўзиш ва таҳқиқи нақши адабиёти илмии техникии тоҷикӣ дар фароянди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ, камбудиву нуқсонҳои забонии китобҳои дарсӣ оид ба асосҳои илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва техникӣ, тарбияи мутахассисони ҷавони илмӣ, интиқоли донишҳо ва ҳамчунин дар фароянди эҷодиёти илмиву техникӣ дар замони соҳибистиқлолии давлати Тоҷикистон аҳамияти муҳим пайдо кардааст.
Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Зимни таҳқиқ ва омўзиш зери мафҳуми «забони адабиёти илмию техникӣ»
забони баёни асарҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, дастуруламал ва воситаҳои таълимиву методӣ ва монанди инҳо доир ба илмҳои дақиқ ва техникӣ, мисли физика, математика, химия, геометрия, астрофизика, география ва ғайра, ки бо забони тоҷикӣ нашр гардидаанд, дар назар дошта шудааст. Зери мафҳуми «истилоҳоти илмии техникӣ» истилоҳҳое фаҳмида шудаанд, ки дар ин жанрҳои адабиёти илмии техникӣ истеъмол мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё