Зеҳн
ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа

Технология
Аз аввал хондан

Миқдори зиёди луғати забони адабиёти илмии техникиро истилоҳот ташкил медиҳад, ки онҳоро ин тавр гурўҳбандӣ кардан мумкин аст:

  1. истилоҳоте, ки бо истифодаи қоидаҳои гуногуни калимасозиву ибораороии забони миллӣ сохта шудаанд, чунончи:
    бузургӣ, афзоиш, муодила, зовиясанҷ, расанда, тағйирёбанда,ҷамъшаванда, тарҳшаванда, ҳосила, муодилаи дифференсиалӣ, муодилаи дучанда, меҳвари фарзӣ, секунҷаи росткунҷа, логарифми адад, ҳамворӣ, камшавии функсия, ҳосила, баробарӣ, нобаробарӣ, айният, нишондиҳандагӣ, функсияи афзоишёбанда, соҳаи қиматҳо, ададҳои ҳақиқӣ, хосияти функсияҳо, соҳаи муайянии функсия, системаи муодилаҳои омехта, қиматҳои калонтарини функсия, интегронӣ, функсияи логарифмӣ, адади натуралӣ, ҳосилаи функсия, ҳалли муодила, функсияи ибтидоӣ, трапетсияи каҷхатта ва ғайра (математика); ҳавопаймоӣ, нурбориш, ларзиш, оташнишонӣ, буғронӣ, галаҷазира, обғалт, қутбнамо, , тавоноии ҳароратӣ, шиддати электрикӣ, шадидияти майдони электрикӣ, дараҷаи серии магнитнокӣ, мубодилаи гармӣ, кўчиши чархишӣ, даври лаппиш, зиччии оптикӣ, майдони ҷозиба, қувваи ҷараён, майдони электрикӣ, сели энергия, нуфузпазирии диэлектрикӣ, кори қувва, мувозинати механикӣ, коҳиши радиоактивӣ, масофаи конунӣ, моеъшавии газҳо, қувваи кашиш, суръати гардиш, суръати ҳаракат, ҳарорати ҷўшиш ва ғайра (физика); сафедаҳо, ишқорҳо, пайвастагӣ, валентнокӣ, омезиш, ҳибридшавӣ, ҳалшавандагӣ, банди химиявӣ, савияи энергӣ, кислотаҳои нуклеинӣ, реаксияи барқароршавӣ, абрхои электронӣ, ададҳои координатсионӣ, пайвастагиҳои калонмолекулӣ, моддаҳои пластикӣ, системаҳои дағалдисперсӣ, адади квантии мадорӣ, банди ковалентии беқутб, панҷараҳои крсталлии атомӣ, қонуни бақои массаи моддаҳо, лағжиши мувозинати химиявӣ, кислотаҳои оксигендор, системаи даврии элементҳои химиявӣ ва ғайра (химия); тағйирпазирӣ, моддаи табиатан фаъол, шохи ҳосилбанд, сарви ҳамешабаҳор, обмонии нумўъбахш, обғалт, интихоб ва дурагакунӣ, хати каҷи вариатсионӣ, мутатсияи ирсӣ, интихоби табиӣ, прогрессии биологӣ, қоидаи бебозгаштии эволютсия, олами органикӣ, растаниҳои равшанидўст, растаниҳои соятобовар, мўътадилии равшанӣ, ифлосгардии ҳаво ва ғайра (биология); садорасонӣ, дурахшонӣ, равшаноӣ, возеҳӣ, конундиҳӣ, ғунҷоиш, носозӣ, ҷўрсозӣ, бандубаст, қабулкунанда,хуруҷгоҳ, вурудгоҳ, тақвиятдиҳанда, нақшатехника, коршоямӣ, радиобасомад, кодбандӣ, ғалтаки майлдиҳандаи кадрӣ (сатрӣ), дастгоҳҳои паҳнкунандаи шуоъҳои электронӣ, каналҳои рангнокӣ ва равшаноӣ, басомади мобайнии тасвиру садо, модулятсияи арзӣ-импулсӣ, системаи бозгардонии ранг ва ғайра (видеотехника).
пешина
аз 67
навбатӣ