Зеҳн
ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа

Технология
Аз аввал хондан

Ба таври умумӣ, асоси луғавии забони адабиёти илмию техникиро чаҳор табақаи калимаву ибораҳо, яъне:
а) калимаҳои оммавӣ (луғати умумиистеъмолӣ); б) калимаву ибораҳои умумиилмӣ (луғати умумиилмӣ); в) калимаву ибораҳои истилоҳотӣ (луғати истилоҳотии тахассусӣ ва ихтисосӣ); г) номгони илмӣ ва қисман истилоҳоти косибӣ (ҳунаривожаҳо, касбивожаҳо) ташкил медиҳанд.
Ба калимаҳои умумиистеъмолӣ он калимаҳои забони адабӣ мансубанд, ки дар матнҳои илмӣ бештар вомехўранд (ба ин тоифа ҳамаи калимаҳои ёрирасон низ дохиланд).
Ба калимаву ибораҳои умумиилмӣ, яъне вожагони илмӣ, калимаву ибораҳое мансубанд, ки бо кўмаки онҳо ҳодисаву фарояндаҳои гуногун дар соҳахои мухталифи илм ва техника тавсиф карда мешаванд ва ҳар яке ба мафҳуми муайяне вобаста карда шудаанд (вале дар ин маврид ин гуна калимаву ибораҳо истилоҳ нестанд). Чунончи, ҷаббидан, фурў кашидан, мавҳумӣ, суръат бахшидан, равиш, созгор шудан, созгорӣ, агрегат, дастгоҳ, созмон, таҷзия, тавозун, минималӣ, максималӣ, усул, механикӣ, натиҷа, универсалӣ, майдон, вақт, дарозӣ, фазо ва монанди инҳо аз калимаву ибораҳои умумиилмӣ мебошанд.
Барои мисол матни зерини илмиро муойина мекунем:

пешина
аз 67
навбатӣ