Зеҳн
ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа

Технология
Аз аввал хондан
  1. Эзоҳ ва хулоса аз рўи табиати худ ба исбот монандӣ доранд, чунончи:
    Хулоса. Ҳангоми дар порчаи (а, в) бефосила ва доимиаломат будани функсияи у=f (х) масоҳати трапетсияи каҷхаттаи АВСД (расми 3) ба афзоиши яке аз функсияҳои ибтидоӣ дар порчаи (а.в) баробар аст, яъне:
    S=F(в)-F (а)
    Дар ҳақиқат, мувофиқи теоремаи дар боло исботкардаамон ва хосияти функсияи ибтидоӣ S(х) = F(х) + С, ки дар ин ҷо F(х)' = f(х)аст. Дар баробарии болоӣ х=а гузошта, доимии С-ро меёбем: О=S (а)= F (а) + C, яъне С=-F (а). Пас S(х)=F(х)-F (а)
    Барои ҳосил намудани масоҳати ҳамаи трапетсияи каҷхаттаи АВСД х=в гузоштан лозим аст:
    S= S(в)= F(в)-F (а).
    Э з о ҳ и 1. Маънои геометрии хосияти асосии функсияи ибтидой чунин аст: графикхои ду функсияи дилхоҳи ибтидоии функсияи F(х) аз хамдигар бо воситаи ба самти тири ОУ параллел кўчонидан ҳосил карда мешаванд (расми 1).
пешина
аз 67
навбатӣ