ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа
Дисперсияи суръатҳои аз ядрои кометаҳо бароварда партофта шудани метеороидҳо ва таъсири қувваи ғалаёновари сайёраҳоро ба мадорҳои ингуна метеороидҳо ба ҳисоб гирифта, радиантҳо ва суръатҳои геосентрии назариявии 876 селҳои метеорие муайян карда шудаанд, ки эҳтимол бо ин 181 АЗН алоқаманданд…..
б) услуби илмии таълимӣ услубе мебошад, ки тавассути он асосҳои ин ё он илм дар шакли китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ, дастуруламалҳои илмии методӣ ва монанди инҳо навишта мешаванд; дар ин маврид матнҳои илмӣ бо мисолҳо, формулаҳо, расмҳо, нақшаҳо ва ғайра маънидод карда мешаванд. Мисол:
Асосҳои термодинамика
То ҳоло мо ҳодисаҳои физикӣ ва қонуниятҳои онҳоро дар доираи назарияи молекулӣ - кинетикӣ ва ё, чи хеле мегӯянд, бо усули статистикӣ баррасӣ намудем. Тавре ки дар аввали боби шашум қайд кардем, дар физикаи молекулаҳо боз усули дигари тадқиқотӣ – усули термодинамикӣ низ истифода мешавад.
Усули термодинамикӣ ҷисмхоро қатъӣ назар аз атомҳо ё молекулаҳо иборат буданашон тадқиқ мекунад ва чи тавре ки дар термодинамика қабул шудааст, системаҳоро дар яклухтӣ меомӯзад.
Теродинамика аввалан ҳамчун фан барои ба кор табдил додани гармӣ ба вуҷуд омадааст. Ҳоло бошад, доираи омӯзиши он хеле васеъ шуда, аз он термодинамикаи техникй, ҳамчун фани алоҳида ҷудо шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё