ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа
§2. ХУСУСИЯТҲОИ УСЛУБИИ ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ
Масъалаҳои назарии услуб ва услубшиносӣ ҳоло яке аз масъалаҳои ками дар кам тадқиқшуда дар забоншиносии тоҷикӣ ба шумор меравад. Аз ин рў дар бораи услуби илмӣ дар забони тоҷикӣ ва вежагиҳои он, ки ҳоло тамоман мавриди пажўҳишу омўзиш қарор нагирифтааст, чизе гуфтан осон нест.
Бо вуҷуди душвории масъала, мо кўшиш кардаем, ба таври мухтасар, бо истифода аз он таҷрибаи камтарине, ки гоҳи таҳлилу тадқиқи забони баёни адабиёти илмии техникӣ, хусусан адабиёти марбут ба физика, химия, математика ва биология ва истилоҳоти онҳо ба даст овардаем, дар бораи баъзе вежагиҳои услуби баёни адабиёти илмии техникӣ ва хусусиятҳои луғавии он дар забони тоҷикӣ ибрози назар намоем.
Яке аз хусусиятҳои муҳим дар ташаккули ҳар гуна забони миллӣ пайдоиши услубҳои гуногуни баён вобаста ба талаботи истифодаи амалии забон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад.
Ба иборати дигар, забони миллӣ воситаи тавоноест, ки муоширати байни одамонро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти онҳо таъмин мекунад. Чунончи, рушди илму техника пайдоиши зерзабонеро дар таркиби забони миллӣ тақозо мекунад, ки муоширату муомилоти илмии одамонро таъмин менамояд. Дар ин маврид ҷиҳати бунёд гардидани ин зерзабон воситаҳои муайян ва зарурии забони умумимиллӣ ҷалб карда мешаванд, сохторҳои махсуси забонӣ бавуҷуд меоянд, ки ба фаҳмиши ҳам гўянда ва ҳам нависанда созгор буда, иртиботи онҳоро дар ин соҳа амалӣ мегардонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё