Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Нуриҳои минералии фосфорӣ ва калийдор пеш аз кишт, аммо нуриҳои нитрогенӣ қисман дар вақти кишт, қисман дар давраи нашъу намои ниҳолҳо дода мешавнд. Дар як гектар то 200кг нуриҳои фосфорӣ ва нитрогенӣ инчунин то 100 кг нуриҳои калийдор ба намуди моддаҳои таъсиркунанда истифода бурдан басанада мебошад.
Ғизодиҳии нуриҳои нитрогенӣ дар давраи шонабандӣ ва гулкунӣ гузаронида мешаванд. Сарчин намудани ниҳолҳои (чеканкаи) пахтаро охири моҳи июл ва аввали моҳи август мегузаронанд. Ба пахтазор вобаста аз навъ, ноҳия ва мўҳлати кишти вай метавон 7-9 маротиба оби вегетативӣ дод. Аз ҳашаротҳои зараррасони пахта бештар кирми ғўза, кирми тирамоҳӣ ва тортанаккана зарари калон мерасонанд. Ба муқобили ин ҳашаротҳои зараррасон симицидин, нурел-де, БИ- 58, олтингугирд, кельтон ва заҳрхимикатҳои дигар тавсия дода мешаванд. Ба муқобили касалиҳои замбуруғии баргу танаи пахта метавон аз купрозан, ридомил, цинеб, хлорокиси мис ва ғайраҳо истифода бурд. Аз навъхои дар истехсолот киштшаванда ба монанди 108 - Ф, Меҳргон, Глистон, Намангон-77, 750-В, 8809-В ва ғайраҳо тавсия дода мешаванд.
Дар ҷумҳури қариб аз 40% заминҳои обёришаванда зери ин зироат банд мебошанд. Бинобар ин парвариши пахта дар мамлакат бояд омили асосии рушди иқтисодии мардуми деҳот гардад. Вале аз сабаби оне, ки дар ҷумҳуриамон ҳамагӣ то 14% нахи пахта коркард карда мешаваду боқимондааш ба беруни ҷумҳури бароварда мешавад, даромади асосии ин соҳа ба фоидаи сармоягузорону тоҷирони нахи пахта равона мегардад.
Имрўзҳо аз миқдори умумии коргароне,ки дар пахтазор кор менамоянд қариб 85-90 % онҳоро занҳои деҳот ташкил намуда, 90-95 % -и корҳои мушкили ин соҳа ба монанди ягонакунӣ, чобуқкунӣ, сарчин намудан ва чидани ҳосил ба души занҳо гузошта шудааст. Вале чи тавре, ки мушоҳидаҳои гузаронидаи мо дар якчанд ноҳияи пахтапарвари ҷумхури нишон доданд, коргарони саҳро дар ҳолати ба даст овардани ҳосили миёнаи умумичумҳуриявӣ (дар соли 2001-17,6 с/га; соли 2002-19,1 с/га; соли 2003году -18,8 с/га) ниҳоят фоидаи кам ба даст меоранд.
Қариб ҳамаи занҳои дар пахтазор банд буда, барои дар охири сол ба даст овардани фақат ғўзапоя, ки дар деҳот барои тайёр намудани нон, хўрок ва гарм намудани хонаҳо дар фасли зимистон истифода мешавад, ба саҳро мераванд. Яъне онҳо медонанд, ки даромади онҳо дар ин ҷода фақат гузапоя ҳасту халос.

пешина
аз 164
навбатӣ