Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Нуриҳои калийдор вобаста аз типи хок ва заҳбурҳои тозакардашуда ба миқдори ночиз андохта мешаванд.
Омодасозии тухмӣ. Ба ғайр аз усулҳои дар боло номбаршуда омодасозии тухмӣ ба кишт бештар аз усулҳои термити (ҳарорати)-и тар кардан, ки бар зидди касалиҳои қарокўя ва дигар навъҳои споравӣ равона карда мешавад, истифода мекунанд. Дар давоми 3 дақиқа тухмиҳоро дар оби ҳарораташ 530С тар намуда, сипас дар оби сард хунук мекунанд. Ба ҳамин минвол, дар нуриҳои азотӣ тар кардан (3-4 соат) низ самарабахш мебошад.
Мўҳлати кишт. Зироатҳои мазрўиро дар ҷумҳурӣ бо якчанд усул ва мўҳлат (тирамоҳӣ, баҳорӣ, такрорӣ – ҷуворимакка) кишт мекунанд. Мўҳлати беҳтарин дар тирамоҳ моҳҳои сентябр, октябр то ноябр ба ҳисоб меравад, зеро дар ин давра зироатҳои ғалладона қобилияти обутобёбиро соҳибанд ва ба ин восита метавонанд зимистонро бомувафаққият гузаронанд. Дар заминҳои лалмии ноҳияҳои кўҳӣ ба итмом расонидани кишт то ибтидои моҳи октябр мувофиқи матлаб аст.
Тарзҳои кишт. Якчанд тарзи кишти зироатҳои ғалладона маълум аст:

  1. Кишти саросар, қаторӣ, муқаррарӣ – 15 см.
  2. Камбарҷўяк – 7,5-8 см.
  3. Салибӣ (перекрёстный).
    Барои кишт чунин навъи тамғаҳои тухмипошак истифода мегарданд: С3-3,6; СЗУ-3,6; СЗТ-3,6; СУК-4,8; СН-16.
    Меъёри кишт дар шароити Тоҷикистон дар ВХБК, гурўҳи ноҳияҳои Рашт, дар заминҳои лалмии хоҷагиҳои хусусӣ (водиҳо) то ба 4-5 млн. тухмии нешзананда ва дар заминҳои обӣ то ба 6-7 млн. тухмии нешзананда (аз 180 то 250 кг/га) афзоиш меёбад, чуқурии кишт бошад, бо махсусиятҳои навъӣ алоқаманд буда, аз
    5 то 7 см тағйир ёфта меистад.
    Нигоҳубини растаниҳо. Нигоҳубини зироатҳо асосан аз назорати биологии ҳамешагӣ – тибқи тургори растаниҳо вобаста мебошад. Бо мақсади дастрас гардонидани ҳаво пас аз кишт дар хоки сабук молакашӣ (гелонмолакашӣ) ва дар баҳори барвақт дандонакашӣ (дандонамолакашӣ) тавсия мешавад. Пеш аз молакашӣ ғизои иловагӣ додан лозим аст. Молакашӣ тибқи самти кишт дар як гузариш гузаронида мешавад. Дар хоки яхбаста ғизодиҳии иловагии барвақт тавсия карда мешавад. Бар зидди алафҳои бегона дар давраи шоху навдадиҳӣ бо агрегати ГАН – 8 ё ОН – 10 истифодаи гербитсиди 2,4Д тавсия карда мешавад.
пешина
аз 164
навбатӣ