Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Бинобар ҳамин истифодаи усулҳои иҷтимоӣ – психологӣ дар коллективҳои меҳнати зарур аст.
Усулҳои менеҷментро интихоб намудан мумкин аст. Таҷриба нишон медиҳад, ки самаранокии баланд танҳо ҳамон вақт ба даст меояд, ки агар системаи усулҳо истифода бурда шаванд ва ҳар як усул усули дигарро пурра ва пурқувваттар мегардонад. Ҳангоми интихоби воситаҳои таъсир ба шахси конкрети хислатҳои индивидуали, сабабҳои ҳавасманди ба меҳнат, яъне кадоме аз манфиатҳои материали ва маънави барои ў заруртар аст ба назар гирифта мешавад.
Самаранокии истифодаи усулҳои гуногуни идоракунӣ аз омилҳои зиёде вобаста аст. Ин дараҷаи тараққиёти қувваҳои истеҳсоли ва муносибатҳои истеҳсоли, дараҷаи квалификатсияи кадрҳои идоракунӣ, ҳолати интизоми истеҳсоли, меҳнати ва технологи дар хоҷагиҳои кишоварзӣ, муҳити иҷтимоӣ – психологӣ дар коллективҳои меҳнатӣ.
Банақашагирии стратегӣ ва ҷорӣ Банақашагирии стратегӣ ин маҷмўъи амалиётҳо ва қарорҳое мебошад, ки аз тарафи роҳбарият истифода мешаванд ва ба коркарди стратегияҳои махсус барои ба даст овардани мақсадҳои корхона ёри мерасонанд.
Ҳангоми коркарди нақшаи стратегӣ асоси онро инҳо ташкил медҳанд:
- таҳлили перспективаи тарққиёти фирма, ки вазифааш аз муайян намудани тамоюли омилҳо иборат мебошад;
- таҳлили вазъият дар муборизаи рақобати – вазифааш аз муайян намудани то кадом андоза рақобатпазир будани маҳсулоти фирма дар бозорҳои гуногун ва фирма барои баланд бардоштани натиҷаҳои меҳнат дар самтҳои мушаххас чи кор карда метавонад,агар стратегияхҳои оптималиро дар ҳама намудҳои фаъолият риоя намояд;
- итихоби стратегия дар асоси таҳлили перспективаи тараққиёти фирма дар намудҳои гуногуни фаъолият ва муайян намудани афзалиятҳо аз рўи намудҳои гуногуни фаъолият аз нуқтаи назари самаранокии он ва таъминот бо захираҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё