Зеҳн
Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

а) бо изҳори ризояти тарафаин; б) дар ҳолати ба охир расидани Муҳлати амали шартнома; в) дар сурати вафоти иҷоракор ва набудани ворисони ў; г)аз навташкилдиҳӣ ва барҳам хурдани заминистифодабарандаи якумдараҷа; д) дар мавриди вайрон кардани шартҳои шартномаи иҷора, аз ҷумла ҳангоми насупоридани иҷорапули; е) нодуруст истифода бурдани қитъаи замин; ж) мувофиқи мақсад истифода набурдани замин; з) истифодаи қитъаи замин бо усулҳое, ки боиси паст шудани ҳосилнокии замин, заҳролудшавии он бо маводи кимиёи, радиоактиви ва дигар мавод, ки боиси бад шудани вазъи экологи мегардад; к) гирифтани замин дар ҳолатҳои пешбиникардаи ҳамин Кодекс.
Моддаи 39. Қатъи ҳуқуқи истифодаи замин.
Барои қатъи ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин новобаста аз масоҳату навъи замин бо пешниҳоди Кумитаи замши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳалии он дар бобати минбаъд мувофики мақсад истифода шудани қитъаи замин мақоми ҳокимияти иҷроияи ноҳия (шаҳр) қарор қабул мекунад.
Қитъаи замине, ки ҳуқуқи истифодаи онҳо қатъ гардидааст, ба фонди махсуси замини ноҳия (шаҳр) дохил карда мешаванд.

ЗАМИНҲОИ ТАЪИНОТИ КИШОВАРЗӢ.
Моддаи 64. Мафҳум ва таркиби заминҳои таъиноти кишоварзӣ.
Заминҳои таъиноти кишоварзӣ тамоми заминҳое ба ҳисоб мераванд, ки барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ истифода мешаванд.
Заминҳои таъиноти кишоварзӣ аз заминҳои дар соҳаи кишоварзӣ истифодашаванда, заминҳое, ки дар онҳо роҳҳои дохилихоҷагӣ, комуникатсияҳо, ҳавзу кулҳо, биною иморатҳо воқеъ буда, барои истеҳсол, нигоҳдори ва коркарди аввали маҳсулоти кишоварзӣ истифода мешаванд, иборат мебошанд.
Ба заминҳои дар соҳаи кишоварзӣ истифодашаванда мазраъ, боғу токзорҳои чандинсола, заминҳои алафдарав ва чарогоҳҳо дохил мешаванд.
Моддаи 65. Додани заминҳои таъиноти кишоварзӣ.
Заминҳои таъиноти кишоварзӣ ба инҳо дода мешаванд:

пешина
аз 164
навбатӣ