Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Асосҳои рад кардани бақайдгирии давлатии истифодабарии замин чунинанд:
а) набудани қарори мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия дар бораи додани замин; б) дар мақоми бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи замин мавҷуд будани ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷои доштани баҳсу мунозира оиди мансубияти ҳамин қитъаи замин шаҳодат медиҳанд; в)тағир додани таъиноти мақсадноки қитъаи замин бо вайронкунии қоидаҳои дар моддаи 9 ҳамин Кодекс пешбинигардида.
Моддаи 17. Муқаррар намудани ҳуқуқи истифодаи замин.
Ҳуқуқи истифодаи замин бо ҳуҷҷатҳои зерин тасдиқ карда мешаванд:
а) ҳуқуқи бемуҳлату муҳлатноки истифодаи замин ва ҳуқуқи истифодаи меросии якумраи қитъаи замин - бо Шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин; б) ҳуқуқи иҷораи қитъаи замин бо шартномаи иҷора.
Маълумоте, ки дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин сабт гардидаанд, бояд ба китоби бақайдгирии замин дохилгардида мутобиқ бошанд.
Ҳуҷҷатҳое, ки дар банди "а", қисми якуми ҳамин модда оварда шудааанд, мувофиқи тартиби муқараркардаи моддаи 15 Кодекси мазкур бояд ба қайди давлати гирифта шаванд.
Шартномаҳои иҷора фақат дар китоби давлатии бақайдгирии замин ба қайд гирифта мешаванд.
ҲУҚУҚ ВА ЎҲДАДОРИҲОИ
ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ЗАМИН
Моддаи 19. Ҳуқуқи заминистифодабарандагони якумдараҷа.
Заминистифодабарандагони якумдараҷа ҳуқуқ доранд:
• мустақилона дар замин хоҷагидорӣ намоянд;
• молики маҳсулоти кишоварзию даромаду фуруши он бошанд;
• аз канданиҳои фоиданоки маълум, торф, ҷангал, манбаъҳои обии воқеии қитъаи замин, инчунин дигар ҷиҳатҳои муфиди замин мувофиқи тартиби

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё