Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Кишоварзӣ
Аз аввал хондан- Ниҳолзори қитъаи замин, иморатҳои хоҷагӣ ва дигар иморат иншоотҳои мелиоративӣ ва дигар иншоотҳо, ҳайвоноти маҳсулдиҳанда ва корӣ, парранда, техникаи кишоварзӣ ва дигар техникаю таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт, асбобу анҷом ва дигар молу мулк, ки аз маблағи умумии-аъзоёни он ба даст оварда шудааст, таҳти моли кияти якҷояи аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ба ҳисоб мераванд.
3.Самара, маҳсулот ва даромаде, ки дар натиҷаи фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ба даст омадаст, молу мулки умумии аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) буда, мутобиқи созишномаи байни онҳо истифода мегардад.
Моддаи 306. Тақсими молу мулки хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ).
1 Ҳангоми катъи фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) вобаста ба хориҷ шудани ҳама аъзоёни он ё бо асосҳои дигар молу мулки умуми бояд тибқи тартиби пешбинӣ намудаи моддаҳои 300 ва 302 ҳамин Кодекс тақсим карда шавад. - Воситаҳои истеҳсолот, ки марбути хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) аст, ҳангоми аз хоҷагӣ хориҷ шудани яке аз узви он тақсим карда намешавад.
Шахсе, ки аз хочагӣ баромадааст, барои гирифтани ҷубронпулии баробар ба саҳми ў дар моликияти умумӣ ба ин молу мулк ҳуқуқ дорад. - Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда, агар мутобиқи созишномаи байни онҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, саҳми аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) дар ҳуқуқи моликияти якҷояи молу мулки чунин хоҷагӣ баробар ҳисобида мешавад.
Моддаи 307. Низоми ҳуқуқии молу мулк ҳангоми аз нав ташкилкунии хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ва ширкати хоҷагидорӣ ё кооперативӣ. - Аъзоёни хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар заминаи молу мулки хоҷагӣ метавонанд ширкати хоҷагидорӣ ё кооперативӣ истеҳсолӣ таъсис диҳанд. Чунин хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) азнав ташкилшуда чун шахси ҳуқуқӣ ба молу мулке, ки онро ҳамчун саҳм ва дигар пардохт аъзоёни хоҷагиҳои деҳқонӣ додааст, инчунин молу мулке, ки дар натиҷаи фаъолияти он ва дар асосҳои дигаре, ки хилофи қонун намебошанд, ба даст оварда шудааст, дар ҳуқуқи моликияти он мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё