Роҳнамои фермер

Нашри дастури мазкур дар Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба амал барории лоиҳаи Барномаи Агентии Рушди Байналмилалии Давлати Канада аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот ба роҳ монда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 164 саҳифа
Пешгирии касали мувофиқи низомномаи махсус гузаронида мешавад.
Оқсил – қасали тезпаҳншаванда буда бо пайдо шудани захмҳои махсус (афта) дар пардаҳои луобии даҳон, пусти назди бинни, синна, мулоимаки сум ва байни сумҳои ҳайвонҳои ҷуфтсум мебошад.
Барангезанда. Вируси махсуси РАК буда 7 хеле хос дорад (А, О, С, Сат1., Сат-2., Сат-3., ва Осиё 1). Ҳар як хеле (тип) барангезада боз намудҳои махсус дорад.Ба касали ҳамаи ҷуфтсумҳо ва инсон гирифтор мешаванд.
Ташхиз – асосан аз нишонаҳои касали, қайди ҳолати эпизоотиви ва тафтиши захмҳои махсус (афтаҳо) гузаронида мешавад.
Табобат – асосан маводҳои дезенфексиони (тоззакунанда) ва махсус истифода мебаранд. Мумкин истифода бурдани маводи доругии махсуси нишонавӣ (симтоматики).
Барои пешгири соле ду маротиба моягузарони мекунад.
Гул – касали вирусии тез паҳншавандаи ҳайвонҳо буда бо ҳарорати баланд ва пайдо шудани дар пуст, пардаҳои луоби обилаҳои махсус (папула, пустула, вазикула) ба монанди аллергия ё газзаки (крапива) мебошад.
Барангезандаи касали вируси махсус, ки дар ҳама ҷой паҳн шудагӣ ва дар ҳамаи фасл дида мешавад.
Ташхиз асосан аз ҳисоби қайди эпизоотияви нишонаҳои касали ва тафтиши вирусологи ва гузоштани биопроба (заҳролуд кардани ҳайвони дигар) гузошта мешавад.
Табобат. Барои табобат маводҳои махсус дезинфексиони антибиоткҳо истифода бурда мешавад.
Барои пешгири моеа махсуси зидди гули мавҷуд мебошад.
Бояд қайд намуд, ки гули бузҳо аз дигар ҳайвонҳо фарқ дорад ва вазнин мегузарад.
Хорӣ (Бешенство – Робис) – Касалии тез гузарандаи сирояткунанда буда бо дигаршавии майнаи асаб, ки бо фалаҷшавию нимфалаги хос аст пайдо шуда ҳайвонҳои касал ҳатмам ба марг гирифтор мешаванд.
Барангезанда. Вирус мебошад.
Ҳамаи ҳайвонҳои хонагию вахши ва одамҳо касал мешавад.
Ташхиз – Аз ба инобатгирифтани қайди эпизоотияви, нишонаҳои касали буда ташхизи асоси ин пайдо намудан дар мағзи майнаи асаби ҳайвони фавтида бандагчаи (телца) Бабеш ва Гегри мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё