Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Соли 2010 мувофиқи ҳисобҳо 84 дарсади хароҷоти хонаводагиро дар мо хариди ғизо ташкил медод, яъне, фақат 16 дарсад барои пардохтҳои ғайриозуқавӣ, соли 2014 ин нишондод ним ба ним - яъне, 50 ба 50 шудааст ва имконияти мардум барои хариди молҳои рўзгор, пардохти хизматрасониҳою истироҳат ва пасандоз кардан бештар шудааст.
Пасандозҳои бонкӣ дар 5 сол 3,2 баробар зиёд гардида, соли 2013 қариб 4 миллиард сомониро ташкил додааст. Дар ин муддат 870 ҳазор, аз ҷумла соли 2013 185 ҳазор ҷойи нави кор фароҳам оварда шудааст. Соли 2014 он 252 ҳазорро ташкил дод. Марказҳои шуғли калонсолон аз рўи 48 касбу ҳунар коргар омода мекарданд ва барои пеша кардани кор аз ҷониби давлат қарзҳои имтиёзнок дода мешаванд.
Бист соли охир ҷиҳати бунёди манзил ба аҳолӣ 127 ҳазор гектар (49 ҳазор гектараш обӣ) қитъаҳои наздиҳавлигии замин (ба 1 миллиону 300 ҳазор оила) дода шудааст.
Дар соҳаи маориф, ки яке аз бахшҳои муҳими ҳаёти иҷтимоии кишварамон мебошад, намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар парламент қонун «Дар бораи маориф»-ро дар таҳрири нав қабул карданд ва дар он мақому манзалати омўзгор, ҳамчун симои асосии мактаб, ҷойгоҳи шойистаи хешро пайдо намуд. Барои омўзгорон як силсила имтиёзҳо муқаррар гардиданд, ки ҳавасмандии онҳоро ба пешаи пурифтихорашон зиёд мекунад. Соли 2010-ум Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон гардида, дар доираи он таваҷҷуҳи мардум, аҳли ҷомеаи кишвар ба донишомўзӣ ва пайвастан ба олами техникаву технология ҷалб гардид.
Ҳамзамон, бунёди таълимгоҳҳои нав, азнавсозӣ ва таъмири макотиби мавҷуда, татбиқи минбаъдаи барномаҳои давлатии қабулшудаи компютерикунонии мактабҳо, таҳкими омўзиши забонҳои хориҷӣ идома пайдо кард.

пешина
аз 601
навбатӣ