ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ба манзури баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти идораи давлатӣ воҳидҳои кории мавҷудаи онҳо то 15 дарсад кам карда шуданд.
БЕҲБУДИ РЎЗГОРИ МАРДУМ-МУҲТАВОИ
СИЁСАТИ МО
Панҷ соли гузашта ҳам Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи тақвияти хусусияти иҷтимоии давлатдориамон, ки дар Сарқонуни кишвар муқаррар шудааст, маҷмуи тадбирҳоро амалӣ гардонд. Ин на фақат маошу нафақа аст, ки болотар дар бораашон сухан гуфтем. Ҷавҳари аслии ҳамаи иқдомҳои пешгирифтаи Ҳукумат боло бурдани сатҳи зиндагии мардум аст, ки яке аз натиҷаҳои ин иқдомот дар поён овардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ зоҳир мегардад.
Сатҳи камбизоатӣ дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумат сол ба сол ва зина ба зина коҳиш меёбад.
Ёдовар мешавем, ки соли 1999 81 дарсади аҳолиамон гирифтори камбизоатӣ буданд. Соли 2010 он 45 дарсад, соли 2011 42 дарсад, соли 2012 38,3 дарсад, соли 2013 35,6 дарсад, соли 2014 бошад, 32 дарсадро ташкил додааст. То охири соли 2015-ум ба 30 ва то соли 2020-ум ба 20 дарсад расондани он аз нуктаҳои барномаи пешгузоштаи Ҳукумат ва ҳизбамон мебошад. Давраҳои аввал тадбирҳои мазкур дар доираи Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2010-2012 сурат мегирифтанд, баъд дар заминаи он стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳолии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 таҳия гардилаву мавриди амал қарор дошт.
Хонанда тавофутро, албатта, пай мебарад. Дар ҳуҷҷати аввал ҷиҳати сатҳи камбизоатӣ сухан меравад, дар ҳуҷҷати дуюм перомуни сатҳи некуаҳволӣ, яъне, мо дигар он остонаи хатарноки камбизоатиро пушти сар гузоштем ва акнун метавонем пеши худ вазифаҳои бузургтарро бигузорем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё