ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Бо пешниҳоди устод Абдуллоҷон Ғаффоров ин барнома дар асоси бештар аз 30 суол ба унвони Боймуҳаммад Ниёзов рўи кор омад. Суолҳо дар мавзўоти гуногун буданд ва устоди ҳунарманди мо ба ҳамаи онҳо ҷавоб мегуфтанд. Ёд дорам устод ба суоли “Шашмақом” аз назари Шумо чист?” ҷавоб дода буданд, ки “Шашмақом” ин хирад, маърифат, ишқу муҳаббат ва одобу ахлоқи ҳамида аст” Ин барнома, ки тавассути телевизини вилояти Суғд ва СМ1 борҳо пахш гардидааст ва дар фонди телевизиони вилояти Суғд маҳфуз аст, барои шинохти шахсият, олами афкору андешаи Боймуҳаммад Ниёзов судманд мебошад.
Соли 2004 бо амри тақдир бо инсоне рў ба рў гардидам, ки ҳамнишиниву сўҳбат, ҳамкории эҷодии мо дар тарғиби “Шашмақом” ва ҳунари устод Боймуҳаммал Ниёзов саҳифаи тозаеро боз кард. Имрўз беҳтарин мероси осори устод Боймуҳаммад Ниёзов дар шакли видео, ки дар фазои фарҳангу санъати кишвар дастраси мардум аст, маҳз маҳсули ҳамин ҳамкории пурвусъат ва самарабахши мост. Ин кас соҳибкори инфиродӣ, ки дар гузашта ҳамчун афсари тоҷик дар ҷабҳаҳои даргир барои дифои халқу миллати тоҷик ҷонбозиҳо кардааст, Зафар Икромов мебошад, ки имрўзҳо давлати пирӣ меронад. Замоне, ки бори аввал вақте ба утоқи кории ин ҷавонмард ворид гардида будам, рўи мизи корӣ як даста маҷаллаи “Садои шарқ” ва ҳафтавори “Адабиёт ва санъат”-ро мушоҳида кардам, ки шахсияти эшон тавваҷўҳи маро ба худ ҷалб кард. Ҳини сўҳбат дарёфтам, ки Зафар Икромов як шахсияти фарҳехта, ҷаҳондидаву донишманд ва муҳимтар аз ҳама, миллатдўсту фарҳангпарвар мебошад. Муҳаббати эшон ба мусиқии классикии тоҷик ин қадар афзун буд, ки ман камтар касонеро медонам, ки то ин ҳад мероси беназири фарҳанги миллати мо “Шашмақом”-ро дўст доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор