ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
ЁДГОРИ БЕГАЗАНДИ ҲУНАРМАНД
Дар мавриди саҳми Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии
Тоҷикистон, профессор Боймуҳаммад Ниёзов дар рушди мусиқии миллӣ, мазмун ва мўҳтавои эҷодиёти бобаракат, сатҳи ҳунар ва истеъдоди нотакрор, сабку услуби таълимии он кас аз ҷониби олимони санъатшинос чун Аслиддин Низомов, Аскаралӣ Раҷабов, Наимҷон Ҳакимов, Абдувалӣ Абдурашидов, Фароғат Азизӣ, Султоналӣ Худойбердиев тадқиқоти шоиставу судманд анҷом дода шудааст.
Ин муҳаққиқон устодро ҳамчун донанда, сароянда ва муаллими беҳамтои “Шашмақом”, эҷодкори суруду мусиқии анъанавии тоҷикӣ муаррифӣ кардаанд. Ўро дар радифи устодони ҳунар Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, Аҳмад Бобоқулов, Маъруфхоҷа
Баҳодуров, Барно Исҳоқова, Тўхта Иброҳимова ҳамчун ситораи тобноки осмони санъати тоҷик ном бурдаанд. Устод Боймуҳаммад Ниёзов дар тўли фаъолияти худ бештар аз 200 суруду таронаҳо эҷод кардааст, ки матни онҳо ба қалами суханварони беназири тоҷику форс Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ,
Абдулқодири Бедил, Бадриддини Ҳилолӣ, Зебунисову Нодира, Қассобу Туғрал ва як қатор суханварони муосири тоҷик тааллуқ дорад. Устод Боймуҳаммад Ниёзов, ба қавли худи ҳунарманд дар давоми 13 сол ин шоҳасари ҷаҳониро ҳифз кардааст ва дар тўли зиндагии хеш дар баробари сароидан онро ба шогирдони бешумор омўзондааст.
Маъруфтарин сурудҳои классикии иҷрокардаи Боймуҳаммад Ниёзов «Муғулчаи Дугоҳ»-шеъри Фурўғӣ, «Нимчўпонӣ» (Бедил), «Насруллоҳӣ» (Сайидо), «Мустазоди наво»
(Ҳаҷрӣ), «Талқини баёт» (Ҳилолӣ), «Наврўзи сабо» (Ҳофиз) ва даҳҳои дигар мебошанд. Ҳамзамон, устод дар эҷоди суруду таронаҳои тоҷикӣ беназир буда, маъруфтарин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор