Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Зеро ҷавонону наврасони имрўза дар баробари аз худ намудани илмҳои муосир бояд бо адабиёти куҳанбунёди мо ошно бошанд. Зеро ахлоқи ҳамида, одоб, инсонгариву меҳнатпарастӣ ва муҳимтар аз ҳама, ватандўстиву меҳанпарастӣ дар меҳвари адабиёт қарор дорад. Ба қавли дигар, маҳз донистани анъанаҳои неки ниёгон моро бо гузашта мепайвандад ва дороиҳои маънавии аҷдодонамон моро ба роҳи дуруст раҳнамоӣ мекунад ва дар назди миллату ақвоми дигар сарфарозу сарбаланд нигоҳ медорад.»
Дар ин андешаҳои раис, ки аз маърифати баланди эшон сарчашма мегирад, муҳаббати беандоза на танҳо ба сухан ва адабиёт балки ба мардум ва кишвар ифода ёфтааст. Гузашта аз ин, хидмати бузурги амалии раис, Сарвазири кишвар, мўҳтарам Қоҳир Расулзода бо дастгирии он кас чоп шудани китоби ҳафтҷилдаи осори илмии устоди шодравон, асосгузори маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” профессор Абдулманнони Насриддин аст, ки ин амал дар зоти хеш беназир мебошад ва мо шогирдон як умр мадюни ин кори хайри раис мебошем.
Ман метавонам боз садҳо саҳифа аз корномаҳои мўҳтарам Қоҳир Расулзода ба қалам диҳам, вале медонам, ки хидматҳои эшон чун оина дар назди назари мардум рўшан аст. Фақат мехоҳам ифтихормандии хешро изҳор намоям, ки сазовори боварии он кас дар радифии садҳо нафар масъулони соҳа бо роҳбарии эшон фаъолият бурдам ва заррае бошад ҳам барои пешрафти ҷомеа саҳм гузоштам. Мактаби бузурги шахсеро гузаштам, ки Сарвазири мамалакат ҳастанду дар атвору гуфтор ва амали шоиста ибрати дигарон мебошанд.
Соли 2015

пешина
аз 601
навбатӣ