ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Дар осорхона ду толори таърихӣ мавҷуд аст, ки яке давраи сангӣ ва дигаре давраи фулузиро инъикос мекунад, ки он маҳсули заҳмати рассом Комил Ёдгоров ва шогирдони ў мебошад. Нақши дасти ин ҳунарманди беҳамто имрўз бо ҳамон сифати баланд ва нотакрор барои имрўзиён бо забони аёният ҳикоят аз оғози мавҷудияти инсоният менамояд. Рассоми хушсалиқа Даврон Раҳматов ду вазифаи бузургро дар осорхона ба анҷом расонидааст: яке сохтани ҳайкали Темурмалики Хуҷандӣ ва дигаре нигориши барелйев, ки дар боло зикраш рафт. Диарамаи муҳорибаи Темурмалик, ки дар паси ҳайкали қаҳрамони халқи тоҷик барқарор аст, маҳсули заҳмати рассом Абдураҳим Ҷабборов аст.
Толори Ҳахоманишиниҳо, ки бо сарварӣ ва заҳмати рассоми моҳир муаллифи акси Хоҷа Камоли Хуҷандӣ - Ғафурҷон Ҷўраев бунёд гардидааст, бо асноди илмӣ асоснок гардида бо завқи баланд эҷод гардидааст. Боиси зикр аст, ки Ҳахоманиш пешвои иттиҳоди қабилаҳои форс буд ва сулолаи шоҳони давлати Ҳахоманишиён солҳои 558-330 то милодӣ ҳукм рондааст.Вориси ин авлод Куруши Кабир буд, ки имрўз бо ифтихор аз ў ном мебарем. Пайкараҳои шоҳони он даврон,ки маҳсули дасти рассоми тоҷик аст моро бо гузуштаҳои дур ошно месозад. Баҳсҳое, ки сарвари вилоят Қосим Раҳбар бо Ғафурҷон Ҷўраев баргузор мекарданд ниҳоят тезу тунд, вале судманд анҷом мепазируфт. Дар машварат баҳсҳои илмӣ оид ба бунёд ва намуди бино, толорҳо, усули намоиши нигораҳо донишмандони фозилу фарҳехтаи кишвар Назирҷон Турсунов, Абдулло Мирбобоев, Саидҷон Марофиев, Абдуманнон Насриддинов, Шарифҷон Ахмедов, Муҳиддин Файзуллоев, Ҳабибуллоҳ Тоатов, Усмонҷон Ғаффоров, Абдуҷалил Бобокалонов, кормандони осорхона Аҳрорхўҷа Бузуруков, Файзуллохўҷа Додохўҷаев, Кимиё Атоева ширкат варзида, ҳар яке фикру андешаҳои худро дар перомуни ин ё он масъала баён мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор