ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Яъне, тарбияти инсони комил меҳвари эҷодиёти суханварро ташкил медиҳад.
“Баҳористон” ҳамчун асари бадеӣ арзиши баландӣ илмиро дорост ва аз назари фарогирии мавзўот доманаи фарох дорад. Кулли мавзўот, аз қабили рўзгори шайхону орифон, шоирону адибон, ҳикоёти тамсилӣ, ки қаҳрамононашон ҳайвонот аст, ҳамагӣ ҷанбаи ахлоқӣ дошта, хонандаро панди зиндагӣ медиҳад. Абдураҳмони Ҷомӣ бо ин асари худ баъди “Гулистон”-и Саъдии Шерозӣ нигориш ин навъи насрро густариш бахшид ва хазинаи осори ахлоқии адабиёти форсу тоҷикро ғанӣ сохт.
Абдураҳмони Ҷомӣ зимни овардани ҳикоят ба масовои хулоса ва бардошт панд ё андарзеро баён мекунад, ки аксар таъсирпазир аст. Махсусан, аз назари суханвар ҷавонмардӣ муҳимтарин хислати инсонист, ки омўхтани онро муҳим мешуморад:
Ҷавонмардо, чавонмардӣ биёмўз, Зи мардони ҷаҳон мардӣ биёмўз!
Дарун аз кини кинҷўён нигаҳ дор, Забон аз таъни бадгўён нигаҳ дор.
Накўйӣ кун ба он, к-ў бо ту бад қард, К-аз он бад рахна дар иқболи х(в)ад кард:
Чу ойини накўкорӣ кунӣ соз, Нагардад ҷуз ба ту он некўйӣ боз.
Аз мисолҳои мазкур метавон ба хулосае расид, ки Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамешагӣ дар мавриди таълиму тарбияи фарзанд ва ба роҳи дуруст ҳидоят намудани ҷигарбандаш фикр мекард ва истифода аз имконияти эҷодӣ ба мавзўи мазкур руҷўъ менамуд. Махсусан, писари азизашро ҳушдор медод то аз дурўғу фиреб, кизбу фитна, бухлу ҳасад, худхоҳиву ғурур ва худнамоиву худписандӣ, мардумозориву тамаллуқу чоплусӣ ва дигар хислатҳои номатлуби инсонӣ барканор бошад. Бар муқобили ин пайваста талқин менамуд, ки илму дониш андўзад, мардумдўст бошад, афтодагонро дастгирӣ намояд, хайру саховатро пешаи худ шуморад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор