Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дар як тўй 5-6 кат рост мекардем, дигар ҳаққу ҳамсояҳо, ҷавонону наврасон тамошобин буданд. Барои мардум муҳим ғизои маънавӣ буд, на моддӣ. Мутаасифона, пеш аз қонуни танзим замоне расида буд, ки тўй воситаи шикампуркунӣ гардид. Тўй, дастархони пурнеъмату алвон чанд навъ таом муҳимтарин меъёри маърака гардид. Ҳатто мардум дар тўи ин ё он нафар ширкат варзида, намедонистанд, ки он маъракаи кист? Хонадоршавӣ ё хатнатўӣ?
Инчунин, оддитарин маъракаҳо чун гаҳворатўӣ, арўсбинон, дидани духтар ва ғайра ба маъракаҳои калон табдил ёфт. «Омадан, нишастан, хўрдан, рафтан» ин буд маъракагардии мо. Мабодо ё як навъи таом кам гардад, ё миқдори ширкаткунандагон дар тўй бисёр набошад, ҳамдигарро айб мекардем: «Тўйро тавонӣ кун-дия».
Қонуни танзим зимнан дар баробари мардум фоидаи моддӣ бахшиданаш дар ғановати маънавияти одамон саҳим гардид.
Дар Хуҷанд шахсони фозилу донишманд дар заминаи пиёда намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» андешаҳои ҷолибро дар сўҳбатҳо баён мекунанд, ки дар заминаи он метавон бисёре аз расму анъанаи деринаи худро танзим ва суннатҳои арзандаи деринаро эҳё намуд. Дар партави ин Қонун ва андешаҳои аҳли фазл банда ҳам мехостам зикр кунам, ки бо шарофати Қонуни мазкур маъракаҳо хурд гардидааст. Дар ин гуна нишастҳо сухан ва суруду оҳанг бештар қадр пайдо кард. Акнун, хуб мебуд, дар тўю маъракаҳои мо анъанаи дерина, ки аз сабқати шеъру суханварӣ ва ҳунарварӣ иборат аст, эҳё мешуд.
Магар ба маъаракаҳои имрўза ҷилои маънавӣ бахшидан душвор аст? Оқилону фозилони маҳаллаҳо, авлод кореро ба анҷом расонанд, ки махсусан ҷавононро шоистаи ибрат бошад.

пешина
аз 601
навбатӣ