Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ё ҳадди аққал ҳизби мо ин рисолатро ба зиммаи хеш мегирад.
Мафҳуми демократия ва бунёди давлати демократӣ барои мо вожаҳои нав мебошанд. Президенти кишвар дар ин бора борҳо таъкид намудаанд, ки мо бояд қолаби демократии кишварҳои пешрафтаро айнан нусхабардорӣ накунем, балки бояд дар Тоҷикистон демократияе созем, ки дар пояи арзишу унсурҳои миллӣ ва фарҳанги сиёсии худамон устувор гашта бошад. Танҳо дар ҳамон сурат мо ба ҷонибдории оммаи васеи мардум, пешрафту шукуфоӣ ва зиндагии шоистаи сокинон ноил мегардем.
Асоси интихоби давлати демократии моро интихоботи озодонаи мардум ва ифодаи соҳибихтиёрии иродаи халқ ташкил медиҳад.
Хушбахтона, имрўз мову шумо барои озодона раъй додан ва мусоидат кардан ба пешбарии ашхоси варзидаи ҷомеаамон ба мақомоти марказӣ ва маҳаллии намояндагӣ тамоми шароитҳоро дорем. Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи худидоракунии маҳаллии шаҳраку деҳот» барои баргузории як интихоботи озод ва шаффофу демократӣ фазои созгори ҳуқуқиро фароҳам овардаанд.
Тағйиру иловаҳои солҳои охир ба қонунгузории марбути интихобот бошанд, имкониятҳои ширкати аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии кишварро дар ин маъракаи муҳим ва ҳамчунин, зимни баҳисобгирии овозҳои интихобкунандагон боз ҳам васеътар сохтанд.
Ҳамаи ҳизбҳои сиёсии мо ҷиҳати ширкат дар интихобот, таблиғи ҳадафҳои усулӣ ва барномаҳои пешазинтихоботии хеш, муаррифии номзадҳои пешбарикардаашон ба вакилӣ аз шароиту имкониятҳои баробар истифода мекунанд.

пешина
аз 601
навбатӣ