Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ҳамин тариқ, дар ҷумҳурии нав ба истиқлолият соҳибгаштаи мо як фазои ноороми сиёсию иҷтимоӣ ба вуҷуд омад, ки оқибатҳои ногувори онро дар солҳои минбаъда дидем.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҲИЗБИ СИЁСӢ
Агар ба воқеияти инкишофи ҳодисаҳои Тоҷикистони солҳои 90-уми асри гузашта аз диди имрўз назар кунем, мебинем, ки дар ҷумҳурии мо аввал Роҳбару пешвои халқ интихоб шуда, ҳукуматро ташкил кард ва сипас ҳизби сиёсии худро таъсис дод. Яъне Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи ҳукумат аст. Агар дигар ҳизбҳо барои соҳиби қудрат шудан ташкил шуда бошанд, пас ҳизби мо аллакай соҳиби ҳукумат шуда буд. Аз ҷониби дигар дар ҳамон шароит ташкил намудани ҳизби сиёсӣ кори осон набуд. Зеро ки аҳзоби мавҷуда бо мусаллаҳ шудану талоши ҳукумат кардан обрўи худро дар ҷомеа резонда буданд. Бинобар ин ташкил намудани ҳизб кори осон набуд.
Муваффақият, дастовард ё худ маҳбубияту бурди Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки ў ҷумҳуриро аз нав сохт. Нахуст мардуми фирориро баргардонд, бо мухолифон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба имзо расонд, иқтисодро аз буҳрон наҷот дода, корҳои созандагию бунёдкориро вусъат бахшид. Яъне, тақдири Президент ва мамлакат ба ҳам тавъам омад. Ин ду мафҳум як маъниро гирифтанд. Барои ҳамин ҳам таҳлилгарон иқдомҳои бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо Шарл де Голи фаронсавӣ, Камол Отатурк, Конфутсийи хитойӣ ва дигар пешвоёни халқу миллатҳои ҷаҳон монанд мекунанд.
Масъалаи дигар ин татбиқи меъёрҳои демократӣ дар ҷумҳурии тозаистиқлоламон мебошад, ки ин масъулият пеш аз ҳама бар дўши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вогузор мебошад.

пешина
аз 601
навбатӣ