ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Муаллифи мақола ёдрас мекунад, ки замоне, ки сарварии давлат ба зиммаи Эмомалӣ Раҳмони чиҳилсола вогузор гардид, кишвари тозаистиқлоли мо дар вартаи ҳалокат қарор дошт. Мардуми зиёд қурбони ҷанги бародаркуш гардида, бештар аз миллион нафар гурезаву муҳоҷири иҷборӣ гардиданд. Сарвари ҷавону дурандеш бо нахустин суханронии худ ба дили мардум шўълаи умедро ато намуд: «То охирин фирорӣ ба ватан барнагардад, ман худро орому осуда ҳис намекунам». Ба андешаи муаллифи мақола, ки ҳақиқати маҳз аст, Эмомалӣ Раҳмон пояи давлатдориро дубора аз сифр бунёд кард ва силсилаи корҳоеро ба анҷом расонид, ки онҳо имкон фароҳам оварданд, мардуми парешони тоҷикро атрофи дастархони густурдаи сиёсии миллат ба ҳам биёрад. Шукурҷон Зуҳуров аз андешаву суханрониҳои Сарвари давлат нуктаҳоеро ёдрас мекунад, ки воқеан, дар он замон ба мардум таъсири бузург расонида буд ва таконеро барои баргаштан ба Ватан эҷод мекард. Чунончӣ, сухани Эмомалӣ Раҳмон: «Ба Шумо кўҳи тилло ваъда намедиҳам, аммо як пора ноне, ки дорем бо ҳам мехўрем», муассиртарин сухани он замон буд, ки имрўз ҳам баъди гузашти солиёни дароз ба дили ҳар як фарди ватандўст асар мекунад ва арзиши бештари таърихии худро ба бор меорад.
Дар мақолаи мазкур зикр мешавад, ки амали ҷавонмардона, далерона ва даст задан ба амалҳои бузург аз сифатҳои инсонии олию оддӣ, аз қабили меҳрубонӣ, матонату ҳалимӣ, дилсўзиву ҷасорат, хоксориву ғурури миллӣ, риояи одоби гузаштагон дар мизони хирад ва тарозуи манфиати миллату ватан сарчашма мегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор