Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ба иборати дигар, надонистани таърих инсонро аз аслаш дур месозад ва ў наметавонад ба ҷараёнҳои рўзгор мунсифона баҳо диҳад.
Назари нек, муҳаббати том ва самимияти комиле, ки
Пешвои миллат нисбати таърихи халқи тоҷик доранд, ибрати бузургест ба ҷавонони имрўза. Андешаи зерини Сарвари давлат дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» аз умқи қалби муаллиф ба қалам омадааст: «Ман аз саҳифаҳои куҳани таърихи диёр, аз осори шаҳристонҳои вайронаву нимвайронаи сарзамини аҷдодӣ, аз миёни гарду чанги асрҳо нақши гузаштаро меҷўям. Мехоҳам пораҳои шикастаро васл кунам, риштаҳои гусастаро бо ҳам бипайвандам, ҳақро аз ноҳақ, ростро аз дурўғ ҷудо карда, аз сабақҳои таърих панде биомўзам».
Пешвои миллат дар китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими таърихӣ даст зада, аз он ёдовар мешаванд, ки аҷдодони мо бо ҳунару санъати амалии волои худ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намудаанд. Дар ин бора бозёфти Хазинаи Амударё, ҳафриёти бостоншиносӣ дар Қалъаи Мир, Қайқубодшоҳ, Тахти Қубод, Тахти Сангин ва дигар минтақаҳо шаҳодат медиҳанд, ки на танҳо дар бораи сатҳи рушди маданияти моддӣ, балки маданияти маънавӣ ва андешаи иҷтимоии аҷдодамон маълумоти арзишманде медиҳанд. Ин ишорат ва ибрат ба ҷавонон аст, ки дар таърихи инсоният танҳо ҳунар ва илм меъёр ва маҳаки арзишҳои мавҷудияти ўст. Яъне, мо барандагони мероси пурбаҳои ниёгон худ низ бояд ҳунарманд, донишманд ва эҷодкор бошем.
Таваҷҷўҳи Сарвари кишвар ба китоби диниву ахлоқӣ, қомусномаи ниёгон – «Авасто», ки ҳамчун қадимтарин ва муккаммалтарин сарчашмаи хаттии ниёгони мо пазируфта шудаасту ҷавҳари онро «пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек» ташкил мекунад, махсус аст. Зеро донистани ин китоб барои имрўзиён муҳим буда, он сарчашмаи ахлоқи ҳамидаи ҷомеа мебошад.

пешина
аз 601
навбатӣ