ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Аз ҳамин чашмандоз омўхтани фаъолияти Садриддин Айнӣ ва ҳамаслаконаш метавонад ба таърихи Тоҷикистони солҳои 20-30-уми қарни ХХ сухани тозаеро зам намояд.
Дар мақола оид ба муносибати Садриддин Айнӣ ба таърих ва воқеаҳои таърихӣ таваҷҷўҳ шудааст, ки ин масъала низ дар шинохти ҷаҳонбинӣ, ақида ва назари нависанда нақши меҳварӣ мебозад. Сабақ бардоштан аз таърих, дар заминаи он баҳо додан ба вазъи замон ва аз рўи он амал кардан суннати деринаи тоҷикон аст ва ин сифатро устод Садриддин Айнӣ дар худ касб намуда буд. Чуночи дар бораи давлатдории тоҷикон дар даврони Сомониён чунин андешаро иброз намуда буд: «Тамоми халқи тоҷику форс дар хусуси он, ки баъд аз истилои араб мисли як миллат бо забон, адабиёт ва маданияти худ дар ҷаҳон боқӣ мондаанд, аз Сомониён миннатдоранд» (1.303) Зимнан муаллифи мақола таъкид мекунад, ки омўзиши таърихи Сомониён мунтазам ва муназзам идома бояд ёбад, зеро ин давраи ниҳоят муҳим барои миллати тоҷик мебошад.(1.303) Мавзўи дигари муҳиме, ки дар мақола зикр мешавад, муҳимтарин хусусияти зиёии тоҷик, аз ҷумла, соҳибмаърифат кардани мардум, баланд бардоштани сатҳи шуур ва покизагии ахлоқи ҷомеа мебошад, ки Садриддин Айнӣ намунаи олии ин қишри ҷомеа маҳсуб меёфт. Бузургии устод Садриддин Айнӣ дар баробари дорои сифатҳои адибиву олимӣ будан, дар устувории мақеи сиёсӣ, зиракӣ дар шинохти манфиатҳои миллӣ, оштинопазир будан бо ҷаҳолат ва хурофоту таассуб зоҳир мегардад, ки барои зиёии имрўз намунаи ибрат аст. Муаллиф тазаккур медиҳад, ки Садриддин Айнӣ донандаи дараҷаи олии дин ва таърихи дини ислом буд ва китобе ҳам бо номи “Заруриёти динӣ” таълиф намуд ва дар тамоми асарҳояш бо таассубу хурофот мубориза бурд. Омўзиш ва тарғиби таҷрибаи зиндагиву фаъолият, ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии устод Садриддин Айнӣ барои ба маҷрои дурусти зиндагӣ ва самти солими рушди фарҳангӣ ҳидоят намудани ҷомеаи муосир ниҳоят муҳим мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор