ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Инро зиндагиномаи устод Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хисрав, Шайх Саъдӣ то Садриддин Айнӣ собит мекунанд. Яъне адиб сарнавиштнигори даврон ва миллати худ аст.” (1.300) Аз назари Пешвои миллат ҷуръату далерӣ, нотарсӣ ва ҳақиқатҷўии устод Садриддин Айнӣ дар он замони нобасомону вазнин аз муҳимтарин аркони мубориза маҳсуб меёфт. Маҳз шуҷоату нерўи фавқулодда, ки бо муҳаббати беандозаи ў ба миллату Ватан тавъам буд ўро дар роҳи расидан ба ҳақиқат устувор нигаҳ медошт. Муаллифи мақола бо дарки баланди вазъи замони зиндагии устод Айнӣ менависад: «Магар зиндагӣ ва кору эҷод дар солҳои пурошўб барои устод Айнӣ, Лоҳутӣ баъдтар Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар ва Ҷалол Икромиву дигарон осон буд? Магар Бобоҷон Ғавуров бе мамониат таҳқиқҳои худро ба анҷом расонду хидмати бузургу шоистае ба миллат кард?» (1.300) Ин ҷо ҳадафи муаллифи мақола инъикоси заҳматҳои роҳи эҷодӣ, масъулиятшиносии нависанда новобаста ба азобу шиканҷаи сахти ҷисмонӣ ва равонӣ мебошад.
Адо намудани қарзи фарзандӣ дар назди Ватан барои устод Садриддин Айнӣ ва ҳаммаслаконаш чи қадар балову офатҳоро ба сарашон нарехт, ки ҳар яке достони мукаммали пуррамзу роз ва фоҷиабори китоби таърихи кишвар мебошанд. Ин аст, ки ҳини баҳогузорӣ ба фаъолияти Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва зиёиён, адибон, қаламкашони солҳои 20-30-и қарни гузашта назари объективонаи муҳаққиқон, бо назардошти вазъи сиёсиву таърихӣ нақши муҳим мебозад. Хўрдагирӣ, каҷназарӣ бидуни эҳсоси набзи замони зиндагии ин абармардон на танҳо таҳрифи таърих аст балки беҳтиромӣ дар назди руҳи ин абармардони таърихи диёр мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор