ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ва Президент тавассути мошинҳои шахсӣ минтақаи душворгузарро тай намуда, ба маркази ноҳияи Мурғоб, ба назди мардум, ки интизораш буданд, ташриф фармуданд. Сокинони ноҳия Сарвари давлат, фарзанди барўманди миллатро бо рўҳбаландӣ ва эҳтироми бузург пешвоз гирифтанд.
Мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари аввалинашон заруртарин муамморо ҳал карданд, ки ин гарм намудани бемористонҳо, боғчаю мактабҳо, хонаҳои мардум ва идораҳои давлатӣ буд. Бо супориши Сардори давлат барои ҳалли ин масъала маблағ гузаронида шуд ва бо ҳамон маблағ ангишт ва дигар маводи сўхт харидорӣ гардида, одамон аз мушкилот раҳоӣ ёфтанд. Воқеан, зимистони минтақаи Мурғоб баробари манотиқи шимоли дури Русия буда, сардии ҳаво ба манфӣ 50 мефарояду аз он ҳам сардтар мегардад ва зарур аст, ки тақрибан соле даҳ моҳ утоқҳои истиқоматӣ гарм карда шаванд.
Ҷаноби Олӣ ҳангоми сафари дуюмашон аз шароити душвори пиронсолони ноҳия огоҳ гардида, бо амри худ ҳаҷми нафақаи солхўрдагони Мурғобро 2,5 баробар афзун намуданд.
Сарвари давлат бори сеюм ба ноҳияи Мурғоб сафар карда, вобаста ба сохтмони шоҳроҳи Мурғоб-Қулма-Сиёҳсангон ва рў ба тараққӣ ниҳодани минтақа бо квотаи президентӣ масъалаи тайёрии кадрҳои маҳаллиро ҳал намуданд. Акнун аз ин ноҳияи дурдаст духтарону писарони зиёд дар мактабҳои олии Тоҷикистон таҳсил доранд. Як иддае аз онҳо таҳсилотро хатм намуда, дар хизмати халқу Ватан омода ҳастанд ва заҳмат мекунанд. Гурўҳи калони фарзандони ноҳия дар таълимгоҳҳои Ҷумҳурии Қирғизистони бародар мехонанд, ки онҳо низ бо квотаи президентӣ ба ин шараф сазовор шудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё