ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Тавре ки сокинони солхўрдаи ноҳияи Мурғоб ҳикоят мекунанд, дар замони ҳокимияти шўравӣ аз ашхоси рутбааввали ҷумҳурӣ фақат як кас, роҳбари фидокори тоҷикон, котиби якуми кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон, шодравон Турсун Ўлҷабоев тобистони соли 1960 ба Мурғоб омада, ба ҳаллу фасли муаммоҳои ноҳия иқдом варзида будааст.
Дар давраи фақат даҳ соли истиқлолияти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон ба ноҳияи Мурғоб се маротиба сафар намудаанд.
Ҳар як сафари Сарвари давлат ба ноҳияи дурдасттарини ҷумҳурӣ Мурғоб хеле муҳим, таърихӣ ва фаромўшнашаванда ҳисобида мешавад.
Баъд аз пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ ва ба амал омадани нобасомониҳо дар ҷумҳуриамон шароити зиндагии сокинони ин ноҳияи дурдаст ва баландкўҳ боз ҳам душвор гардида буд. Зеро ҳамон вақт аз маркази кишвар ба мардуми ноҳия ҳеҷ ёрию мадад намерасид. Лекин сокинони ноҳия душвориҳоро пушти сар карда, ҳаргиз ноумед намешуданд ва бовар доштанд, ки оқибат сулҳу оромӣ барқарор мегардаду ҳукумати марказӣ ба ёрӣ меояд.
Дар ҳақиқат бо ташрифи Сарвари доно, ғаюр, далер, олиҳиммат ва хирадманди давлатамон, хушбахтона, чунин рўз фаро расид. Ҷаноби Олӣ зарурат ва муҳимии тараққиёти хоҷагии халқи ин минтақаро афзалтар шумурда, бо вуҷуди пуркориашон бори аввал соли 1995 ба ноҳияи Мурғоб сафар намуданд. Пеши назари худамон бояд тасаввур бикунем, ки он сол чӣ гуна замоне буд, ҳанўз садои машъуми тирандозӣ дар қаламрави кишвари азизамон ба гўш мерасид. Ҳамон вақт дар дашти Аличур бо сабаби бад шудани вазъияти обу ҳаво чархболи Сардори давлат ногузир ба замин фуруд меояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё