ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Шаҳрвандони Тоҷикистон имони комил доранд, ки кулли орзу ва омоли фархунда ва пуршаъну шарафи Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳатмаи ҷомаи амал хоҳанд пўшид.
Зеро қадами қатъӣ дар ин роҳ аллакай ниҳода шудааст.
Баъди атои Худо гардидани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбуб бунёди нақби Анзоб (баъдан бо пешниҳоди Роҳбари давлат нақби Истиқлол номида шуд) нахустин сохтмоне буд, ки бо ҷаҳду талош ва кўшишҳои шахсии Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуд. Сардори давдат дар рўзи ибтидо ёфтани иншои мазкур, яъне 20 майи соли 1999 чунин гуфта буданд:
“Ба нохун бошад ҳам, бояд аз дили санги хоро роҳ кушоем, то дарвозаи вилояти Суғд, ки дар байни Душанбею Хуҷанд қарор дорад, дар чор фасли сол ба рўи мардум кушода бошад. Бигузор падарону модарон ва бародарону хоҳарони мо аз азоби баста шудани роҳ дар давоми шаш моҳи барфрезию тармаҳо раҳоӣ ёбанд. Бигузор дарвозаи Зарафшон ва роҳи мошингарди туннели Анзоб кўпруки заррине гардад, ки чун давоми силсилаи “Шоҳроҳи абрешим” қисмати шимоли мамлакатро бо пойтахти он бипайвандад. Бигузор рафтуои мардум аз шарофати ин роҳ ба чаҳор самти олам ва саросари Тоҷикистон осону бемонеа гардад”.
Мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вақте ки дар иҷлосияи ХVI-и таърихии Хуҷанд Раиси Шўрои Олии Тоҷикистон, Сардори давлат интихоб шуданд, ба халқи азияткашидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхорӣ карданро бо амри дили пок ҳадафи асосӣ, шоҳроҳи ягонаи сиёсии худ қарор доданд.
Биноан аз ҳамон минбаре, ки бори аввал ҳамчун Роҳбар суханронӣ доштанд, бо сари баланд изҳор намуданд:
“Ман ба шумо сулҳ меорам! Оташи ҷангро хомўш месозам! То он даме ки як нафар гурезаи маҷбурӣ дур аз Ватан бошад, худро ором намегузорам.” Роҳбари ҷавони кишвари тоҷикон ин суханонро аз мағз-мағзи ҷисму ҷони худ гуфта буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё