Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Хулласи калом, ҳар кас, ки ба баҳри кушод баромада бошад, хуб медонад: агар лангар ба об андохта шавад, ҳеҷ шамоле киштиро бурда наметавонад.
Ман ҳам як чунин лангаре дорам, ки ба ҳеҷ ваҷҳ аз он канда шуда наметавонам: он ҳисси масъулият аст дар пеши мардуми Тоҷикистон, ки маро Президенти худ интихоб намудааст.
Ин андешаҳо Президентро дар лаҳзаҳои ҳассостарини ҳаёташ низ тарк намекунанд. Чунончи, ҳангоми амали террористӣ дар маркази вилоят воқеъ дар шимоли ҷумҳурӣ, ки сўиқасд ба Роҳбари давлат ба ҳисоб мерафт аввалин ҳарфи Президент, ки тасодуфан ҷон ба саломат бурд, дар он лаҳза ин буд: «Халқ гуноҳ надорад… Ин кори қотилони зархарид аст».
Он лаҳза чунин суханонро фақат касе бар забон оварда метавонист, ки барояш манфиатҳои олии мамлакат ва осоиштагии мардум аз ҳама чиз волост, касе ки беш аз дигарон воқиф аст, ки муқобилгузорӣ ва ҷудоиандозӣ дар миёни мардуми маҳалҳои гуногун чӣ хавфу хатаре дорад.
Дар замони худ маҳз мавқеъҳои якдигарро бакуллӣ истиснокунандаи тарафҳои муқобил, ки дар он байн тоифаҳои маҳалгаро нуфузи хосса доштанд, ҷомеаро тақсим карданд ва боиси ҷанги бародаркуш шуданд.
Агар хоҳӣ, ки шоирро то ба охир кашф намоӣ, ба ватанаш рав, навиштааст Ҳўте. Барои шинохти ҳарчӣ бештари Эмомалӣ Раҳмон чун сиёсатмадор ва инсон низ мебояд ба замон ва маконе, ки маншаи умру кору аъмоли ўст, чашм андозем.
…Тоҷикон ба яке аз шохаҳои қадимтарини оилаи халқҳои ориёӣ мутааллиқ ҳастанд, ки ҳазорсолаҳо дар воҳаҳои ҳосилхези Осиёи Марказӣ, дар сари Роҳи абрешим зиндагонӣ мекарданд, вале аз қазову қадар борҳо дар миёни оташи ҷангҳои офатбор низ афтода буданд.

пешина
аз 601
навбатӣ