ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
ПРЕЗИДЕНТИ МАРДУМӢ
Маҷрои зиндагӣ ҳамвора равон аст, вале даргузар осоре аз худ мемонад… Аз умқи қарнҳо байти зебои Одамушшуаро, поягузори адабиёти ҳазорсолаи тоҷику форс Абўабдуллоҳи Рўдакӣ чун панд ва ҳушдор ба гўш мерасад:
Ҳар кӣ н-омўхт аз гузашти рўзгор, Низ н-омўзад зи ҳеҷ омўзгор.
Барои дарки фарох ва комили он, ки роҳи пешгирифтаи ин ё он фард ё миллат то чӣ андоза пойдор ва рост аст, аз манфиат холӣ нест, ки кас ба гузаштаи хеш назар афканад, то сабақ омўзаду дар таҳияи дурнамо ба саҳву хатоҳо роҳ надиҳад. Таърих, чунон ки маълум аст, фақат сабақомўз нест, вай онҳоеро, ки қонуниятҳояшро сарфи назар мекунанд, ба ҷазо мерасонад.
Бани одам борҳо яқин карда, ки соҳибистеъдодони бузург ҳамеша дар он ҷо зуҳур мекунанд, ки барои пайдоиш ва нумуи онҳо заминаи мусоиди иҷтимоӣ вуҷуд дошта бошад. Борҳо чунин шудааст, ки гоҳи таҳаввулоти ҷиддии таърих, дар вақти рўйдодҳои мураккаб шахсоне ба майдон меоянд, ки қаблан маъруфияти зиёд надоштанд, вале дар рафти ҳодисот гуё ба як бор арбоби намоёни сиёсӣ мегарданд. Дарвоқеъ, агар кулли мардум дар оташи кину адоват нисбат ба яғмогарони муғул намесўхтанду даст ба муборизаи озодихоҳона намезаданд, оё Темурмалик ба пояи сарлашкари бузурги халқи тоҷик мерасид ва номи хешро зиндаю ҷовид месохт? Ва ё агар инқилоби бузурги Фаронса ба амал намеомад, оё адвокати музофотӣ Максимилиан Робеспер ба шўҳрати ҷаҳонӣ соҳиб мешуд?
Баъд аз пош хўрдани давлати абарқудрати шўравӣ Тоҷикистон дар ҷодаи тараққиёти мустақил қадам ниҳод, вале дафъатан гирифтори тўфони ҳаводиси замон гардид.
Ва ин айёми пурпечутоб ба арсаи сиёсӣ як зумра ходимони то он вақт ноозмуда ва на чандон машҳур, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмонро ба майдон овард, ки ў рамзи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё