ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Консепсияи сиёсати Роҳбари давлат дар масъалаи муносибат бо дин ба он асос ёфтааст, ки мо ба ҳайси миллати куҳанбунёди соҳибтамаддун ва ба сифати пайравони дини таҳаммулпазири исломӣ ҳаққи маънавӣ надорем, ки бо роҳи сунъӣ ба бархўрди манфиатҳои миллӣ ва динӣ мусоидат намоем. Роҳи мо роҳи ба ҳам омадани арзишҳои миллӣ ва динист. Дар ҳолатҳои ҷудогонае, ки чунин муқобилият ҳамчун силсилаи муносибатҳо тавлид мегардад, мо бояд манфиати мардуми кишварро тибқи Қонуни асосӣ аз ҳама болотар гузорем, зеро таърихи аҷдодони мо ҳолатҳоеро медонанд, ки бо инсонпарастию миллатдўстдорӣ мо натавонистем, ҷанбаи истиқлолияти сиёсии кишвар ва халқро таъмин намоем. Бино ба таҳлили воқеияти рўзгори гузаштагон дар гардишҳои таърихӣ, ки масъалаи интихоби роҳ ва ояндабинии халқу миллатҳо тарҳрезӣ мегардид, арзишҳои олии адлпарварӣ, баробарӣ, башардўстӣ, озодипарастӣ ва дигар ғояҳои олӣ натавонистанд он қадар ба наслҳои оянда хизмат намоянд, ба он дараҷае ки худшиносии миллӣ ва ватандўстӣ анҷом додааст.
Зарур аст, ки халқу миллатҳо дар айёми гардишҳои куллӣ ва таҳаввулоти таърихӣ дар интихоби арзишҳо хато накунанд. Бино ба маълумоти муаррих Ҳилол ас-Сабӣ амирони сомонӣ барои дастгирӣ ба мардуми Бухоро муроҷиат намуданд ва онҳо ба муҳтарам фақеҳони исломӣ: «...
он замон ба муроҷиати мардуми Бухоро муҳтарам «фақеҳони» замон фатво доданд, ки Сомониён ва Қарахониён байни худ на барои дин, балки барои ҳокимият мубориза мебаранд, аз ин лиҳоз, мусулмонон набояд ба ин низоъ дахолат кунанд...». Онҳо дар доираи «уммат - ул -исломия» ҳарф зада, ҳуқуқ ба сиёсату идораи мустақилонаро дар сарҳади аҷдодии мардуми тоҷик аз назар дур монданд. Касе он замон гуфта наметавонист, ки ин буғикунии давлатдории халқи тоҷик чароғи идораи миллиро ба муҳлати қариб ҳазор сол ба олами хомўшӣ хоҳад партофт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё