ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Дар зери мафҳуми «чӣ мехоҳем» муайян намудани роҳи ояндаи кишвар ва вазифаҳои нахустини давлати тозаистиқлол зарур буд. Сухан роҷеъ ба муайянкунии шакли идоракунӣ, сохтори давлатӣ, низоми сиёсӣ, низоми ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳои асосӣ мерафт. Ин масъалаҳо аз назари мавқеи ҷуғрофию сиёсии кишварамон мушкилиҳои зиёдеро доро буд. Мушкилии фарҳангӣ (асосан забонӣ), сиёсӣ (дунявият ва динӣ), ҳуқуқӣ (интихоби низоми ҳуқуқӣ
– римӣ, амрикоӣ, исломӣ ва ғ.) ва ғ.
Баъди эъломи истиқлолияти миллӣ ҳаёти ҷомеа ба маҷрои нав ворид шуд. Яке аз нишонаҳои барҷастаи он ташаккули андешаи миллӣ ҳамчун бозгашт ба асолати таърихӣ, эҳёи арзишҳои анъанавии миллӣ ва дар ин асос қувват гирифтани раванди ҳудшиносии миллии тоҷикон мебошад. Роҳбари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори дилсўз аз пайи муҳаққиқи шинохта ва қаҳрамони халқ Бобоҷон Ғафуров дар баробари бунёд ба эъмори решаҳои таърихии миллат камар баст ва ҳамчун муҳаққиқи шинохта ба даъватҳои бузурги таърихӣ: «Мо кистем ва чӣ мехоҳем» дар доираи силсилаи таҳқиқоти илмӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба ҳайси як давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона бо ҳисси масъулият дар назди наслҳои гузаштаю имрўза ҷавобҳои амиқу дақиқ дод. Агар устодони бузург С.Айнӣ ва Б.Ғафуров тоҷиконро ҳамчун халқи мустақили Иттиҳоди Шўравӣ муаррифӣ карда, ҳаққи ин миллатро дар ҳудуди як давлати бузург дифоъ карда бошанд, вазифаи Эмомалӣ Раҳмон аз лиҳози назариявӣ ва амалан аз дидгоҳи сиёсию илмӣ ба маротиб вазнинтару сангинтар буд. Зеро ў бояд истиқлоли миллӣ ва соҳибихтиёрии давлатиро аз назари таърихӣ, сиёсӣ, иктисодӣ ва ҳуқуқӣ дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва дифоъ мекард. Имрўз бо гузашти 26 сол мо хуб эҳсос мекунем, ки Роҳбари давлати мо аз ўҳдаи ин кор ба хубӣ баромадаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё