БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

толорҳо ҳамон тааллуқи маҳаллии хешро иблоғ менамоянд. Яъне зиёии ин кишварҳо танҳо дар навиштор худшиносанд, аммо дар кирдор дунболи ҳамон тааллуқи маҳаллии худ буда, масоилро дар сатҳи маҳал баррасӣ мекунанд. Ин саратонро милале аз Шуравӣ мерос гирифтанд.
Бинобар ин, барпо кардани низоъ ва дигар афкори таҳмилӣ барои қудратҳои ҷаҳонӣ он қадар душвор нест, чунки зиёиёни як маҳалро дар муқобили дигар маҳал гузоштан кофист, ки низоъ ба вуқӯъ пайвандад. Илова бар ин, ҳувияти сохташудаи марбут ба дину мазҳаб миллатҳоро водор мекунад, ки дар суду зиёни қудратҳо чун силоҳ истифода шаванд. Таассуби динӣ, маҳаллӣ ва миллӣ дар зиёни миллатҳост ва ҳеҷ миллате бо истифода аз таассуб рушд накардааст. Чунки лаззатёбӣ гуногун мешавад ва ҳар кӣ аз кору омӯхтан лаззат дарёфт накард, пас дигар лаззатҳое, ки барояш дастрас мегарданд, маснӯист, зеро мароҳили дарки ҳувияти фарҳангии ӯ хеле маҳдуд буда, ба андозаи он дилхушиҳое қаноат мекунад, ки чандон барояш муфид нест ва чунин зиёни дар суд гӯё нуҳуфта ҳамин ҳубби маҳал аст. Ҳама чиз аз зиёни судмонанде оғоз мегардад, ки ҷараёни табдили ормонҳоро ба амал бозмедорад ва идеолҳое, ки амалан татбиқ намешаванд, ҷуз суханпардозӣ чизе нестанд. Аксар инсонҳо муътақиданд, ки дар сарнавишти онҳо дигаре дахолат меварзад ва ин гуна биниши ғайриилмӣ онҳоро дар нохудогоҳии бардавом нигаҳ медорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё