Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Монанд ба ин баҳогузорӣ ба муҳаққиқи бонуфӯзи ҳувият Эрик Эриксон иртибот дорад, ки мафҳуми мавриди баррасӣ қарордоштаро “ҳамаворидшуда” номидааст68.
Ҷоиз ба ёдоварист, ки чунин нигоҳҳо аз ҷониби муҳаққиқин бисёранд ва бо овардани камтарини онҳо иктифо мекунем, аммо ҳувияти сохташудае, ки дар муслимин то кунун боқӣ мондааст, замоне миллатҳои Ғарбро аз тараққӣ бозмедошт ва онҳо ҷиҳати таъмин намудани рушди бардавом ҳамаи монеаҳоро бо ғалабаи Эҳё аз майдони зиндагӣ канор гирифта, алҳол дар раванди ҷаҳонишавӣ ҳамаи канормондаҳои хешро, ки замоне ба хеш муносиб надиданд, бар дигарон таҳмил менамоянд. Гузашта аз ин, қудратҳои ҷаҳонӣ аз авзоъ ва аҳволи миллатҳои рушдкунанда воқифанд ва хеле хуб дарк мекунанд, ки агар уламои як миллат ҷиҳати бепарвоии ҳаммеҳанон нисбат ба тааллуқи миллии худ таҳқиқҳои назаррасе анҷом диҳанд ҳам, худ бинобар хориҷ шудан аз минбарҳову

68 Эриксон Э. Идентичность: юность и кризис, - М.: Пргресс, 1996, - с.
100.

пешина
аз 303
навбатӣ