БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Дар чунин шароит, инсон бояд назар ба пештара фаъолтар буда, дар эҷод ва такмил додани ҳувияти инфиродии худ ҷаҳд намояд”52.
Энтони Гидденс дар асари худ “Модерн ва худҳувият” шахсияти худшиносиро ҳамчун падидаҳои фарҳанги муосир нишон додан мехоҳад. Диққат ба он ҷалб карда мешавад, ки худи мавзуи худшиносӣ дар ҷомеашиносӣ ва таҳқиқоти фарҳангӣ беш аз пеш бо исрор шунида мешавад. Гидденс фарзияи худро дар бораи сохтори ҳувият пешниҳод мекунад. Ҳувият ду қутб аст: аз як тараф, мутобиқшавӣ, унсгирӣ (конформизм), аз тарафи дигар, худсарӣ. Дар омӯзиши ҳувият чун механизми мутобиқшавии равонии шахсият ва нақши назаррасро Зигмунд Фрейд гузоштааст, ки номбурда гумон меравад барои аввалин бор истилоҳи ҳувиятро ба кор бурдааст. Мавсуф дар китобе мавсум ба “Ман ва Он” низоми равонии инсонро ба “ман”, “он” ва “мани номаҳдуд” ҷудо карда, муътақид аст, ки маҳз мазҳари ахир ба унвони “садои дарунии афрод” ва чун нерӯи қазоваткунанда дарк мегардад53. Дар дигар рисолаи хеш, ки “Равоншиносии омма ва таҷзияву таҳлили
52 Гидденс Э. Ускользающий мир: как глобализация меняет нашу жизнь.
– М.: Весь Мир, 2004, - с. 95.
Фрейд З. Я и Оно, - М.: «Эксмо», 2015, - с. 15.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё