БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Дарки моҳияти ҳувият дар чаҳорчӯби назарияи ҳувият ба унвони вижагии аслии ҳастии инсон сурат мегирад, чунки маҳз ин масъала то кунун аз марзи баҳси ҷомеашиносон канор нарафтааст.
Бинобар тағйирёбии муҳит ва сатҳи ҷаҳонбинии сиёсӣ мушкилии шахсият ва эътимод надоштани ӯ ба низомҳое, ки ҷомеаҳо онҳоро арзишҳои хеш пиндоштаанд, зуҳур карда, дар дохили давлатҳо ва қитъаҳо проблемҳои зиёде эҷод мекунанд. Яке аз чунин мушкилиҳо пойбандӣ ба донистани масъулиятест, ки онро ҳар фарде бидуни таҳқиқ анҷом медод, чунки шахс дар ҷомеа такмил меёбад ва масъулиятшиносӣ фақат идомаи ҳамон камол аст. Аммо масъулият аз байн намеравад, балки дар ҳолатҳои заъфу рушд қарор гирифта, ғолибан дар шакли ғайрианъанавӣ зоҳир мегардад.
Ташаккули ҳувияти “фаромиллӣ” ва мисли он “трансмиллӣ” дар ҳоли ҳозир дар заминаи муноқишаҳои байналмилалӣ аз буҳрони ҳувияти фарҳангҳои миллӣ оғоз гардида, одамон, ғолибан дар ҷустуҷӯи ормонҳои инфиродии сатҳи ҷаҳонӣ, хештанро маҳв менамоянд. Айни замон аксари ҷавонон ба Аврупо ва Амрико ҳиҷрат намуда, он ҷойҳоро макони тамаддуни муосир ва ғолиб бар соири тамаддунҳо пиндоштаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё